Намегузорем ҳадафҳои нопокашон амалӣ гардад!

Имрӯзҳо дар ҷомеаамон мушоҳидаи  ҳаёти ҷавонон собит месозад, ки байни садҳо ҳазор нафар ҷавонони меҳанпарасту бонангу номус афсӯс, ҳастанд онҳое, ки ҳанӯз ҳам вазифаи худро дар ҷомеа муайян накардаанду фикру андешаи мустақил надоранд. Ин тоифаи ҷавонон зуд фирефтаи ақидаҳои нодуруст гашта, ба ҳаракатҳое шомил мешаванд, ки ҷамъият онро қабул надораду маҳкум менамояд.

Сарчашмаи дигари шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ки имрӯз аҳли ҷомеаро ҳамчун доғи рӯз ба ташвиш овардааст, ин паст будани маърифату тарбияи нодурусти онҳо дар оила ё беэътибории падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон аст.

Ин аст, ки солҳои охир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бархе  ҷавонон бо ҷурми пайвастан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. ҳоло ҳодисаҳое ба чашм мерасанд, ки чандин тан ҷавонони фирефтагашта  дар ҷангҳои дохилии кишварҳои хориҷӣ ширкат доранд. Бешубҳа, ин ҳолатҳо ҷомеаи кунунии моро сахт ба ташвиш овардааст.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳо даҳҳо нафар ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Миёна аз номи дини мубини Ислом дар кишварҳои бегона, аз ҷумла Сурияву Ироқ меҷанганд. ҳарчанд онҳо бобати дини муқаддас сухан мегӯянд, вале аз моҳияти он фарсахҳо дуранд. Мутаассифона, теъдоди муайяни ҷавононро ифротгароён фирефта кардаанду  баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ истифода  мебаранд. Ин ҷавонон, албатта, оқибат аз аъмоли хеш пушаймон мешаванд.

Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслакони онҳо бо нафрат менигаранд ва амалҳои онҳоро маҳкум менамоянд. Боиси афсӯс аст, ки то кунун ин ифротгароён аз нақшаҳои ғаразнокашон  нисбат ба миллати худ даст намекашанд.

Новобаста аз ҳама мухолифатҳо, эътирозҳо ва муборизаҳои беасоси бадхоҳони миллат, мо – миллати куҳанбунёду соҳибтамаддун онҳоеро, ки ба кишвари маҳбубамон нигоҳи душманона меандӯзанд, намегузорем, то ҳадафҳои нопокашон амалӣ гардад.

Мастона РАСУЛОВА,
омӯзгори Гимназияи №4,
шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh