Кӯшиши навбатии даллоли разолат...

Дузд ҳарчанд медонад, ки оқибати кораш дар назди мардум беобрӯгӣ аст, вале бо ғайрати тамом ба сӯи гуноҳ равона мешавд. Ҳадафи аслии Сайидюнус бо овардани суханони дурӯғаш ин сиёҳ кардани намояндагони сохторҳои давлат ё худ давлату ҳукумат мебошад, ки ин ба ҳеҷ кас пӯшида нест. Сайидюнус медонад, ки ба суханони дурӯғу иғвоангези ӯ дигар мардум бовар намекунанд, вале боз ба сӯи гуноҳ, ба сӯи мардумфиребӣ, ба сӯи оташандохтан роҳ мепаймояд. Ҳарчанд худро ва пайравону сарваронашро фариштаву покизикор нишон доданӣ мешавад, аммо боз ба қавли Соиби бузург аз кирдори бадаш, ҳатто маъсияташ низ баханда меояд.

Сабҳа бар каф, тавба бар лаб, дил пур аз шавқи гуноҳ,

Маъсиятро ханда меояд зи истиғфори мо...

Вале бо вуҷуди ин мехоҳам чанд андешаҳои хешро доир ба ин масъала баён созам, аниқтараш дурӯғ будани сухнони ӯро ба исбот расонам. Якум, давлат  касӯро ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки доир ба дини Ислом, ки дини расмии мардуми тоҷик аст, ингуна сухани бад гӯяд. Яъне “дин дар чашми мардум беобрӯ  шавад” гуфтанӣ як намояндаи расмӣ, ба хусус Муродулло Давлатов ин дурӯғи маҳз аст. Ҳатто мардуми оммӣ низ  дар сараш ин фикрро ҷой намедиҳад, зеро дин дар назди ҷомеа муқаддас аст ва руҳониёни ҳақиқӣ ё худ мусулмононӣ асил ҳеҷ гоҳ ба Ватан, миллат хиёнат намекунанд, мардумро ба якдигар ҷанг намеанзанд, оташи фитна барнамеангезанд, террористу экстремист намешаванд

Имрӯзҳо ҳукумат барои таҳсили дуруст ва маърифати саҳеҳи динӣ гирифтани мардум тамоми шароитҳоро омода карда истодааст, вале ин гурӯҳ боз мехоҳанд, ки ҳамон мактабҳои хонагӣ, мадрасаҳои маҳаллие, ки дар он ҷо ба ҷои таълими дуруст додан тундагарову хушунатро меомӯзониданд ва гӯё ба қавли худашон “Имом-хатибони мустақилу босавод” мебароварданд, аз нав ташкил кунанд ва корҳои ғайри худро оғоз намоянд. Имрӯз ҳадафи давлату ҳукумат ин дар роҳи хештаншиносию меҳанпарастӣ ва худогоҳиву Худошиносӣ  дуруст тарбият кардани насли ҷавон мебошад, зеро ҷомеи мутамаддини имрӯз, умуман давлату кишварҳои пешрафтаи дунё ҳама хостори миллати солиму кишвари обод ва ҷомеаи бомаърифату худогоҳ мебошанд. Вале ин тӯдаи бесаводу хиёнаткор бо ин суханони буҳтони худ мехоҳанд дар арсаи ҷаҳон миллати тоҷикро “исломҳарос” ё “исломситез” нишон диҳанд.  Агар миллати тоҷик исломҳарос мебуд, ҷашнҳои бузургони дин, ба монанди Имоми Аъзаму Тирмизию дигаронро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намекард. Номи шаҳру ноҳияҳо, кӯчаву шоҳроҳҳо ва муассисаву ташкилоти давлатиро бо номи онҳо зевар намебахшид. Қуръони азимушшаънро бо забони тоҷикӣ ба таври ройгон ба мардум манзур намекард, масҷидҳои бузургу бошукуҳро намесохт. Чихеле ки мегӯянд, душман дар сафедӣ танҳо сиёҳиро ҷустуҷӯ мекунад. Ин нобакорҳо фақат ва фақат бармегарданд ба ҳамон масҷидҳои ноободу маконҳое, ки дар ҳамон ҷо ҳадафҳои нопоки худро тарҳрезӣ менамуданду ба ягон меъёрӣ имрӯза мувофиқат надошт ва давлату ҳукумат баъзе аз онҳоро бо мақсади ободонӣ нигоҳ дошт, ҳамонро гӯё баҳона мекунанд. Намегӯянд, ки давлат дар давоми 5-10 соли охир чанд миқдор мактабҳои замонавӣ, боғчаву китобхонаҳои муосир, беморхонаву бунгоҳҳои тиббиро ба мардум ҳадя кард. Кас дар ҳайрат меафтад, ҳатто дар давоми давлатдории ҳизби коммунистӣ ё худ Шӯравӣ дар баъзе минтақаҳои дурдаст, на мактаб сохта шуда буду  на беморхона. Аз боғчаи бачагонаву китобхона ва кохи фарҳангу майдончаҳои варзишӣ, ҳатто барқ ҳоҷат ба гап задан нест. Имрӯз бошад, мувофиқи стратегияи рушди кишвар дар ҳамаи манотиқи мактабҳо, боғчаҳо, китобхонаҳо, варзишгоҳҳо ва дигар мавзеъҳои фароғативу ба ҳаёти ҳаррӯза зарур сохта ба истифода дода шуда истодааст. Бо вуҷуди ин аккоси ҷаллоби ҷиноят хомӯш намешаваду халос.

Шуъбаи табъу нашри
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh