Мардуми тоҷик дигар ба дасисаҳо бовар намекунанд

Ҳар сол моҳи Рамазон дар кишварамон ҳамчун моҳи муқаддас ҳисобида шуда, мардум яке аз рукни Исломро бо қаноатмандӣ иҷро менамоянд ва иди Рамазон ва иди Қурбон дар тақвим ҳамчун рӯзи ғайрикорӣ сабт шудааст. Дар муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит”, ки маркази асосии таълими динии кишвар аст, айни замон ҳазорҳо нафар дар шуъбаҳои рӯзонаву ғоибона аз рӯи ихтисосҳои гуногун таҳсил мекунанд.

Донишкадаи исломии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Инчунин, дар шаҳри Душанбе бунёди калонтарин масҷид исбот мекунад, ки дар мамлакат эътиқод ва ибодати озодонаи мардум пурра таъмин аст.

Яъне, иттилооти низоъангези онҳое, ки дар сомонаҳои душманони миллат паҳн мешаванд, пур аз туҳмату буҳтон нисбат ба кишвар ва мардуми он аст. Инчунин, аксарият намояндагони онҳо чанд сол пеш Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк карда, маълумотҳое, ки бо воситаи сомонаҳои худ паҳн менамоянд, ягон далелу асос надошта, аз дурӯғ иборат буда, ғайримантиқӣ ва туҳмат аст.

Давлатҳои абарқудрат бо ҳадафҳои шуму худкомашон сабабгори паҳншавӣ ва тавсеаи терроризму экстремизм ва ба ин васила ба амал омадани буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ, коҳиши захираҳои табиӣ, гармшавии иқлим, аз байн рафтани арзишҳо гардида истодаанд.

Ба хотири таҳияи чунин модели нави муносибатҳои инсонӣ аз ҷониби муҳаққиқон ва сиёсатмадорони кишварҳо корҳои назаррас дар такя бар демократия, таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ, рафоқат ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеаҳо, ки ба фарҳангу тамаддунҳои мухталиф тааллуқ доранд, анҷом пазируфта истодаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ борҳо доир ба ин масъала ба аҳли башар гӯшрас намуд, ки бо ҳам муқобил гузоштани ҷаҳонбинии гуногун ва бо тариқи зӯроварӣ ҳал намудани низоъҳо ба касоду шикасти иқтисод ва дар маҷмуъ инсоният хоҳад бурд.

Мардуми кишвар хуб огоҳанд, ки ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолӣ хоинони миллати тоҷик бо пуштибониву маблағгузории хоҷагони хориҷии худ мардуми моро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор карданд.

Ин хиёнати таърихии онҳо кишвари моро аз масири рушд даҳсолаҳо ба ақиб партофт.

Лекин онҳо набояд фаромӯш созанд, ки халқи мо, яъне миллате, ки тақдирашро ба дасти худ гирифтааст ва ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад, хоинону душманони миллати тоҷикро хуб мешиносад, дигар ҳаргиз ба доми фиребу найранги онон гирифтор намешавад ва оқибатҳои даҳшатбори ҷанги бародаркуши ибтидои солҳои навадуми асри гузаштаро низ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.

Равшан УСАНОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh