ҲАРОС АЗ ИСЛОМ НЕ, АЗ ИСЛОМГАРОЁНИ ШАЙТОНСИРАТ АСТ

Дар матлабе, ки Сайидюнуси Истаравшанӣ тариқи расонаҳои интернетӣ таҳти унвони “Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода, натиҷа медиҳад” паҳн кард, касро боз як бори дигар ба тааҷҷуб меорад. Инро бинед, ки ин фард, ки барояш ягон амали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул нест, боз аз зери нохун чирк мекобад ва аз худ файласуфу исломшиноси гузаро метарошад.

Дар матлаб гуфта мешавад, ки солҳои охир чандин масҷид дар Тоҷикистон баста шудаанд ва ё ба марказҳои ҳунармандӣ ва дигар муассисаҳо табдил ёфтаанд. Бояд гуфт, ки Кумитаи дин ва ё дигар мақомот ягон масҷидро бесабаб маҳкам накардаанд. Воқеан ҳам имомони масҷидҳое ҳастанд, ки ҳуҷҷатгузории масоҷидро ба таври даркорӣ ба роҳ намондаанд ва мақомоти дахлдор он масҷидҳоро бастаанд. Ин як амри муқаррарӣ аст. Аз тарафи дигар, чанд масҷиди маҳаллиро ба мушоҳида мегирем. Як маротиба ба чанд масҷиди маҳаллаҳо дар вақти намоз биравед ва мушоҳида кунед. Дар як ё ду сафи аввал намозхонҳо ҳастанд ва боқимонда ҷой холӣ аст. Ин ҳолат солҳои аввали Истиқлолият ҳам ба назар мерасид, то соли 2015 ҳам буд ва имрӯз ҳам чунин аст. Бубинед, ки на ҳамаи масоҳати масҷидҳо ҳини ба ҷо овардани ибодат пур мешаванд. Дар як мавзеъ панҷ масҷид бошад, бигзор, дутояш пур аз намозхонон шавад, дигар иншоот баҳри амалҳои хайр истифода гарданд. Агар ба таърих нигоҳ кунем, масҷидҳо макони омӯзиш буданд, пас аз як ду масҷидро ба маркази ҳунаромӯзӣ табдил додан ягон кас зарар мебинад? Ҳаргиз не!

Дигар матлабе, ки Сайидюнуси Истаравшанӣ овардааст, он аст, ки мавъизаҳои рӯзи ҷумъа аз рӯи супориш аст. Имрӯз воқеан чунин аст ва хуб ҳам гаштааст. Хубияш дар он аст, ки дар ҳамаи масҷидҳои ҷомеъ дар як мавзуъ мавъиза карда мешавад ва ба ҳамин дар кулли масҷидҳо як мавзуъ ба мардум расонида мешавад. Гарчанд ки матни мавъиза пешниҳод мегардад, аммо ҳар имомхатиб бо тарзи гуфтор ва суханварии ба худаш хос онро ба ҷомеа мерасонад. Чунин тарзи корбарӣ – пешниҳоди мавъизаҳои рӯзи ҷумъа аз тарафи дигар боиси саводи хуби динӣ гирифтани мардум мегардад.

Худи Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки дастпарварди Эрон аст, хуб медонад, ки ҳатто дар ҳамин кишвари исломӣ мавзуъҳои амри маъруфи рӯзи ҷумъа тасдиқ мегарданд. На танҳо мавзуъ, балки аз тарафи кадом шахс ироа гаштанаш дар минбари рӯзи ҷумъа пешакӣ муайян мешавад. Дар шабакаҳои телевизиони ин мамлакат як моҳ қабл дар кадом ҷумъа кӣ ва дар кадом мавзуъ мавъиза карданаш тариқи сатри равон эълон карда мешавад.

Дигар масъалае, ки Кӯри Юнус матраҳ мекунад, гӯё исломҳаросӣ дар кишвари мо аст. Воқеан ҳам, кӯр будан лозим аст, ки он амалҳоеро, ки дар кишвар анҷом дода мешавад, кас набинад! Тадбирҳои амаликардашуда барои тақвияти дини мубини Ислом аз ҷумла ҷашнгирии 1300 - солагии Имоми Аъзам, бунёди бузургтарин масҷиди Осиёи Миёна дар шаҳри Душанбе, тарҷума гаштани Қуръон ба забони тоҷикӣ ва ғайраҳо мисол гашта метавонанд. Ҳароси мардум аз ислом нест, балки аз андешаҳои ифротиву террористӣ аст, ки бо номи дини мубини Ислом амалӣ мегарданд!

Ҳарос аз шайтонсиратоне аст, ки ба рӯяшон исломро ниқоб карда, ҷомеаро ба вартаи гумроҳӣ бурданӣ мешаванд!

И.РАҲИМОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh