ХИЁНАТ БА ВАТАН НОБАХШИДАНИСТ!

Як гурӯҳ аъзоёни ташкилоти террористию эктремистии Ҳизби мамнӯи наҳзат бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ аз хориҷ истода, сӯи кишвари худ санги маломат мезананд. Худро ҳомии миллату кишвар мехонанд. Модом ки дӯстдори миллату ватананд, чаро аз ӯ дуранд? Зеро худ хиёнаткоранд. Бозичаи дасти хоҷагони хориҷии худанд, ки пешравию гул - гулшукуфии Тоҷикистони азизро дидан намехоҳанд.

Роҳгумзадагон, фурӯхташудагон, ин нуктаро нағз дар хотир доред, ки мардуми тоҷик аллакай симои аслии шуморо шинохтааст. Дигарбора фирефтаи шумо - гумроҳон намегардад. Ба сафсатагӯиҳои шумо дар Тоҷикистон касе эътибор намедиҳад, ҳама аз паи ободию пешрафти кишвари азизи худанд.

Мардум ба Кабирӣ аввала бовар карда буданд, вале ҳама он суханон сафсатагӯию суханпардозиҳои пуч будааст.

Гуфтор дигару рафтор дигар будааст. Ба тамоми мардум симои аслии худро ӯ нишон дод. Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ, ки мардум дар азоб буданд, бо саркардагонаш дар бӯстонсароҳои давлати хориҷ бо пулу моли хоҷагонаш айш дошт. Имрӯз низ бо пули хоҷагони худ дар давлати хориҷ айш дорад. Он айше, ки бадтар аз заҳр аст.

Зеро ӯ забонкӯтоҳи хоҷагони худ аст, фикри мустақил надорад. Ӯ, ки пулу молро аз зодгоҳу Ватан авло донистааст, чаро боз доди ватанхоҳӣ мекунад? Оё боре ба худ савол додааст, ки ман ба Тоҷикистон ва мардуми он чӣ нафъ расонидаам?

Ӯ бандаи пулу мол, хиёнаткори Ватан аст. Ба ҷои санги маломат задан Ватанро, Тоҷикистонро, тоҷикро дар хориҷа таърифу тавсиф намудан обрӯю нуфузи онро паст мезанад. Ӯ ҷуръат надорад!

Раҳим ҚОБИЛОВ,
омӯзгори МТМУ рақами 40,
ноҳияи Ашт

Add comment


Security code
Refresh