ТОҚАТНОПАЗИРӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ МАҲКУМ НАМУДАНИ ЭКСТРЕМИЗМ

Терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи номатлуби ҷаҳони муосир имрӯз кулли мардуми сайёра ва кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Раванди ҷаҳонишавии давлатҳои абарқудрат, паҳншавии хатари терроризм ва экстремизм бори дигар собит намуд, ки терроризм ва экстремизм сарҳад, миллат ва мазҳаб надорад.

Мавриди зикр аст, ки бо вуҷуди талошҳои зиёди давлат ва мақомотҳои қудратию интизомии кишвар ташкилотҳои экстремистию террористӣ бо ҳар роҳ мехоҳанд, оромию осудагии кишварамонро халалдор созанд. Хусусан, аъзои ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ аз ибтидои расидан ба Ваҳдати миллӣ ва таҳкими давлатдории навин пайваста кирдорҳои хиёнаткоронаи худро дар қолаби дину мазҳаб ҷой дода, мехоҳанд, бо ҳар роҳ фазои сулҳу суботи кишварамонро халалдор созанд.

Баъди он ки соли 2015 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИ ташкилоти экстремистию террористӣ эълон гардид, фаъолияти худро бо дастгирии пуштибононии хориҷии худ дар хориҷи кишвар давом дода истодааст. Ифротгароӣ дар кадом шакле, ки зуҳур намояд, яке аз хатарҳои фоҷиабори замони муосир ва ояндаи инсоният мебошад. Дар шароити имрӯза терроризм хатари воқеиест, ки ба амнияту бехатарии кишварҳо таҳдид менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки алайҳи паҳн шудани хатари терроризм ва экстремизм даъват ба амал оварда, якчанд санаду қонунҳои муҳимро бар зидди ин падидаи номатлуби ҷомеа қабул кардааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999, « Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» аз 8 декабри соли 2003 ва «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» баҳри муқовимат бар зидди хатари терроризм – экстремизм равона карда шудаанд. Дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз ҷумла омадааст, ки «ташаккули вазъи тоқатнопазирӣ дар байни мардуми ҷумҳурӣ нисбати экстремизм яке аз мақсадҳои асосии қонуни мазкур ба шумор меравад».

Мавриди зикр аст, ки тоқатнопазирӣ ин, пеш аз ҳама, бетараф набудан, муросо накардан, муборизаи беамон ва оштинопазир бурдан бар зидди ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва экстремизм мебошад. Аз ин лиҳоз, тоқатнопазирӣ омили муҳими пешгирӣ ва маҳкум намудани ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Тавре ба ҳама маълум аст, ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ бештар бархе аз ҷавононро, ки қишри осебпазири ҷомеа маҳсуб меёбанд, ба ҳар роҳу васила ба доми худ мекашанд. Бинобар ҳамин ҳам дар руҳияи ватанпарастӣ, арзишҳои миллӣ ва оштинопазирӣ нисбат ба терроризм ва экстремизм тарбия намудани ҷавонон яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад.

Ин масъала ҳар як омӯзгору тарбиятгар ва роҳбари муассисаро водор месозад, ки байни ҷавонон вазъи тоқатнопазириро нисбат ба терроризм ва экстремизм ба вуҷуд оранд. Бояд тазаккур дод, ки ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, яъне фаҳмонидани ҳадафҳои ифротгароён, моҳият ва мазмуни «экстремизм» ба мардум, алалхусус, ҷавонон яке аз роҳҳои пешгирии ин падидаи номатлуб ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, корҳои фаҳмондадиҳӣ, мубориза бар зидди экстремизм ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ медиҳад, ки агар мо моҳияти асосии ин мафҳумро то ба афкори ҷавонон бурда расонем. Зеро вақте ки мардум бошуурона моҳияту мазмуни мафҳуми терроризм ва экстремизмро дарк менамоянд, дигар онҳо ба ваъдаҳои бардурӯғ ва технологияи мафтунсозии ин ҳизбу ҳаракатҳо ҳеҷ гоҳ бовар нахоҳанд кард.

Дарки бошууронаи мафҳумҳои терроризм ва экстремизм ба мардум имкон медиҳад, ки дӯстро аз душман фарқ карда тавонанд, мардум ба хулосаи амиқ меоянд, ки душманони миллати мо бо гумроҳсозию мафтункуниашон «дар либоси дӯстдорӣ кори душман» - ро анҷом медиҳанд. Бояд тазаккур дод, ки татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020» мо, зиёиён ва роҳбарони муассисаҳои таълимии олӣ ва олии касбиро вазифадор менамояд, ки баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, дар руҳияи оштинопазирӣ нисбат ба терроризм ва экстремизм тарбия намудани ҷавонон аз ҳамаи роҳу воситаҳои самарабахш истифода намоем. Имрӯз ҳамаи моро зарур аст, ки дар таъмини амнияти Ватан саҳмгузор бошем.

Дар руҳияи тоқатнопазирӣ ва нафрату адоват нисбат ба терроризм тарбия намудани ҷавонон яке аз вазифаҳои муҳимтарини оила, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020» моро водор месозад, ки дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои тарбиявию маърифатиро пурзӯр намуда, ҷавонону мутахассисони ватандӯст ва худогоҳро ба камол расонем. Зеро душманони миллат, ташкилоту гурӯҳҳои экстремистӣ бо ҳар роҳ мехоҳанд, маҳз ҷавононро ҳамчун қишри осебпазири ҷомеа ба доми худ кашанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм» ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ мунтазам тадбирҳои амалӣ меандешад.

Бояд тазаккур намуд, ки Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ дар самти тайёр намудани мутахассисони баландпояи соҳаи кӯҳӣ – металлургӣ ба ҳисоб рафта, хатмкунандагони он дар корхонаҳои соҳавӣ, саноатии ҷумҳурӣ ва берун аз он кору фаъолият намуда истодаанд. Вобаста ба талаботи замон ва тағйирёбии ҷаҳони муосир дар донишкада ба масъалаи тайёр намудани натанҳо мутахассисони соҳибкасб, инчунин барои омода намудани мутахассисони ватандӯст, худогоҳу хештаншинос таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Аз ин ҷост, ки ба роҳ мондани таълими фанни «Диншиносӣ» ва дар доираи таълими фанҳои «Таърихи халқи тоҷик», «Фалсафа», «Сотсиология» ба донишҷӯён омӯзонидани дастовардҳои арзишманди Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ аҳамияти махсус доранд. Бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо террроризм ва экстремизм барои солҳои 2016 - 2020», баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, фароҳам овардани вазъи тоқатнопазирӣ нисбат ба терроризм ва экстремизм, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён дар ҳамаи бахшу гуруҳҳои таълимӣ барномаи омӯзишӣ оид ба фош ва маҳкум намудани моҳияти аслии экстремизм ба роҳ монда шудааст.

Дар доираи татбиқи Стратегияи мазкур дар донишкада мунтазам силсилаи лексияву суҳбатҳо, дарсҳои тарбиявӣ, вохӯрию мулоқотҳо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ходимони дин роҳандозӣ карда мешаванд. Бояд зикр намуд, ки имрӯз зарур аст, ҷавононро дар рӯҳияи эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни ҳазорсолаи аҷдодонамон тарбия намоем. Онҳоро ҷиҳати пешгирии хатарҳои нави ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, инчунин дигар падидаҳои номатлуб, ки ба сулҳу амният ва суботи ҷомеа таҳдид менамоянд, омода намоем.

Ташкили маъракаҳои сиёсӣ, чорабиниҳои тарбиявӣ, корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ, нашри маводҳои таблиғотӣ оид ба тарбияи дурусти динӣ, пешгирии воридшавии фарҳанги бегона ва дар руҳияи садоқат ба дастовардҳои Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ тарбия намудани аҳли ҷомеа барои расидан ба ин ҳадафҳо ва татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016 - 2020» мусоидат менамоянд.

Мухтор ФОЗИЛЗОДА,
ректори Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh