САЙИДЮНУС ВА ФАРҲАНГИ ҒАЙРИСЛОМИИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ ҲНИ

Вақте навиштаи Сайидюнуси Истаравшаниро, ки характеритафриқаандозӣ ва хушунатоварӣ дорад, мутолеа кардам, чанд суол барои ман пайдо шуд ва шояд барои дигар хонандагон ҳам чунин саволҳо ба вуҷуд ояд. Пеш аз он, ки он суолҳоро рӯи коғаз оварам, бояд қайд кунам, ки номи матлаби дар сомонагузоштаи Саидюнуси Истаравшанӣ “Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад” аст ва аз номаш ҳам маълум, ки бо кадом мақсад навишта шудааст.

Акнун бар мегардем сари саволҳо. Оё мешавад гуфт, ба нафаре, ки номи ташкилоти худро бо нафрат аз номи ислом бо таъбири “Паймони миллӣ” иваз кардаанду бо мақсади ҷудоиандозӣ ба восиаи сомонаҳо аз ояҳои қуръону ҳадисро аз рӯйи фаҳмиши худ ба ҷомеаи тафсир мекунанд, бовар кард? То чӣ андоза Саидюнус аз ислом бохабар аст? Оё дар симои Саидюнус ва Кабирӣ исломи нобро дидан мумкин аст? Ба андешаи мо қабл аз он ки Саидюнус як матлабро менавишт аввал дар назди худ чунин саволҳоро бояд мегузошт ва ба роҳбари Паймонаш ҳам чунин суолҳоро ироа медошт. Ин афкор пеш аз он ки як навиштаи интиқодӣ бошад, андешаи ифротӣ аст.

Мо хуб медонем, ки яке аз мақомдорони Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш чӣ гуна занҳои бегуноҳро бо роҳи фиреб таҷовуз кардаанд. Пас гуруҳе ки номи исломро дар минтақа ва ҷаҳон паст кард, ин ҲНИ ба шумор меравад. Иқтибосе, ки Саидюнус аз Файзулло Баротзода, мудири Маркази исломшиносӣ гирифтааст чунин аст:“ба назари мо, ҳоло раванди динзадагӣ ва шефтаи масҷиду меҳроб будан дар ҷомеаи мо тамоюли пастравӣ дорад...”. Албатта, Сайидюнуси Истаравшанӣ мафҳуми ин матлабро хуб дарк накарда, ба ҷомеа инро ба таври дигаргуна шарҳу тафсир сохтааст. Ифодаи раванди динзадагӣ” ҳамон равандеро дар назар дорад, ки ҲНИ онро асос гузошт ва аз номи ислом нафаронро ба сӯйи терроризму ифротгароӣ раҳнамун сохт ва дини исломро ба сифати як Парчам истифода бурд ва ҳарчанд “шефтаи масҷиду меҳроб” шуданд, лекин озорҳои кашидаашон на инки онҳоро ба сӯйи исломи ҳақиқӣ бурд, балки ба як шайтони пастфитрате табдил ёфтанд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ яке аз ҳамин гуна нафарони динзада ва шефтаи масҷиду меҳроб аст, ки ин ин пешаро бар ивази маблағҳои калон ба даст овардааст. Хуб шуд, ки Ҳукумати мамлакат пеши роҳи чунин нафарони шайтонпешаро гирифт. Чандин маротиба хондаем, ки Саидюнус ҷинояткор аст ва бо гуноҳи дуздӣ ба зиндон рафтааст ва, албатта, бояд чунин нафарони беҳунар ба домани намозу рӯза дар афтанд обрӯву эътибор пайдо кунанд. Гуруҳе, ки барои пулу чиз аз ислом даст кашида, боз аз номи миллат ҳарф заданӣ шуда, бе ягон барномаву дурнамо даст ба дасисаву тафриқаандозӣ мезанад, чӣ гуна метавонад, мардуми як кишварро, ки таърихи чандинҳазорсола дорад, ба гумроҳӣ барад. Имрӯз ислом ниёз ба пуштибоне чун Саидюнус ва Кабирӣ надорад. Барои ислом нафарони шоиста ва фидоӣ хидмати арзанда кардаанд, исломро ба дараҷае маҳбуби мардум гардонидаанд, ки дигар ташкилоти террористие чун ҲНИ ва ДОИШ наметавонанд номи онро ба хоки сиёҳ яксон созанд.

Ба Саидюнуси Истаравшанӣ маълум аст, ки айни ҳол ҷомеаи башарӣ моҳияти исломро аз ӯ хуб медонанд, ҳатто шаҳрвандони кишварҳое, ки ба унвони кофир шинохта шудаанду онҷоро ӯ ва Кабирӣ сарпаноҳи худ сохтаанд. Яъне дар кофиристон ду “мусалмон”-и “мутлақ” ва “доно”. Бояд Саидюнус мусалмониро аз ҳамонҷо омӯзад, таҳаммулпазирӣ ва меҳанпарастиро аз худ намояд ва аз дуздиву тафриқаандозӣ даст кашад. Яке аз талаботи ислом ҳамин аст. Агар Саидюнус чунин инсон мебуд, албатта муридони ӯ низ рӯз ба рӯз зиёд мешуд. Ҳукумати Тоҷикистон ягон маротиба дар кишвар ба ислом ва ойинҳои исломӣ нафрат эҷод накардааст, баракс кӣ будани Абӯҳанифаро ва чӣ будани мазҳаби ҳанафиро муаррифӣ кардааст.

Саидюнус ва Кабирӣ, ки онҳо мазҳаби бегонаро пайравӣ мекунанду бо пулу мол мазҳаби худро ба гарав монда фурӯхтаанд ин ташаббусҳоро нодида мегиранд. Танҳо ҳадафашон ин аст, ки дар куҷо як гапи хомро ёбанду онро байрақ кунанд. Ин амал ҳам як ҷиноят аст. Барои чунин маълумоти бардурӯғро паҳн намудани Саидюнус агар ӯ дар назди хоҷагонаш қарор намедошт, ҳатман зиндон мешуд, зеро ба ин гуна ҷинояткорон озодӣ хуш намеояд. Борҳо шудааст, ки як ҷинояткор пас аз озод шуданаш зиндонро авло дониста, барои баргаштан ба он ҷо баръакс ҷиноят содир мекунад. Ман инҷо як панди Бузургмеҳри Ҳакимро, ки дар дами марг ба фарзандаш гуфтааст, меорам, ки чунин аст: “Ҳар кас, ки туро бад гӯяд, маъзуртар аз он дон, ки он бад ба ту расонд”. Яъне, бадро расонидан вазнинтар аст, нисбат ба бад гуфтан. Яъне Саидюнус коре, ки анҷом медиҳад, аз доираи фарҳанги исломӣ фарсахҳо дур аст.

 Р.АБДУЛЛОЕВ,
 сардори раёсати илм ва инноватсия

Add comment


Security code
Refresh