Ҷавонон зидди радикализм

Дар ҷаҳони мутамаддин баробар ба инкишофу пешрафт ва истифодаи техникаву технологияи ҷадид омилҳое дар ин росто падид меоянд, ки муаммоҳои глобалиро дар сайёраи замин ба вуҷуд меоваранд.  

Ҷомеаи ҷаҳониро дар шароити кунунӣ терроризм ва экстремизм ба ташвиш овардааст ва ба як масъалаи доғи рӯз низ мубаддал гардидааст. Таҳлилгарони масоили сиёсӣ, олимон ва сиёсатмадорон ҳарчанд корҳои зиёди илмӣ ҳам дар ин ҷода рӯи кор оварданд, вале масъалаи мазкур ҳамоно тақозо мекунад, ки он ба таври васеъ омӯхта шавад.

Истилоҳи радикализм ҷомеи афкори ҳаракоти иҷтимоӣ-сиёсӣ буда, мақсадаш сарнагун сохтани интистутҳои амалкунандаи сиёсӣ мебошад. Радикализм ҳамеша бо сохтори сиёсии амалкунанда дар мубориза аст ва кӯшиш мекунад, авзои ҷомеаро ноором созад. Мақсадҳои радикалҳо ҳамеша нопок аст, онҳо бо расонидани иттилооти низоъовар ташкили бесарусомониҳо мебошад.

Силоҳи асосие, ки ифротгароён мавриди истифода қарор медиҳанд, ин пеш аз ҳама ақидаҳои ифротии онҳост, ки аввалқадам ҷавононро метавонанд фирефтаи доми андешаҳои худ гардонанд. Ақидаҳои ифротӣ метавонад ҷавононро ба ҳар гуна хатарҳои ҷисмиву равонӣ дучор гардонад. Мағзшӯӣ кардани ҷавонон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷалб намудани онҳо ба худкӯшиву оламсӯзӣ ин амалест, ки ба он танҳо бо ақида мебояд мубориза бурд.

Аз ташаббусҳои ҷомеаи ҷаҳонро ба таҳрик овард, ин аст, ки аҳли оламро ба муборизаи дастҷамъона алайҳи терроризм ва ифротгароӣ даъват намуда, аз пайомадҳои пурфоҷеаи он ҳушдор дод.

Фирефта гардидани баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даст задани онҳо ба амалҳои хатарнок ва нанговар омилҳои гуногунро дорад, ки яке аз он маърифати паст ва надоштани дониши мукаммали диниву дунявӣ аст, ки инсонро ба пушаймонӣ мебарад. Дар самти пешгирии он мебояд волидайн, мактаб ва аҳли ҷомеа бо чунин ашхос бештар корбариву тарғиби илмомӯзӣ кунанд. Омили дигари фирефташавӣ ин надоштани маърифати баланди истифодаи интернет мебошад, ки бештар паҳнкунандагони ақидаҳои ифротӣ аз он истифода мебаранд.

 Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки амалҳои экстремистӣ ихтилофу ҷудоиандозӣ, душманӣ, нооромӣ ва оқибатҳои фоҷеаангезро меорад.

Имрӯз ҷавонони кишвар метавонанд бо роҳу усулҳои азхуд намудани донишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва таърихӣ пеши ин вабои асрро бо нерӯи зеҳнии худ гирифта бошанд. Ширкати теъдоди зиёди ҷавонон дар конфронсҳои илмӣ-оммавии сатҳи ҷумҳуриву байналмилалӣ дар масоили зерин, саҳмгузорӣ дар ободонии кишвар, ширкат дар барномаҳои таҳлилии телевизионӣ ва радиоӣ имкон медиҳад, ки ҳарчӣ бештар ҳамсинну солони худро аз даст назадан ба амалҳои номатлуб огаҳ созанд. Иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва дастовардҳои бузурги онҳо дар озмунҳои байналмилалӣ далолат ба он медиҳад, ки тавассути ин комёбии худ онҳо метавонанд боз бештар самти варзишро дар ҷомеа тарғиб намоянд, ки ин ҳам барои ҷалби андеша ва фаъолнокии ҷавонон дар ин самт мусоидат мекунад.

 Имрӯз ҷавонони кишварро метавон яке аз фаъолони ҷамъияти кунунӣ ном бурд. Хизматҳои содиқонаи онҳо дар рушди илм, фаъолнокияшон дар ҳокимияти давлатӣ ин имкон медиҳад, ки ҷавонони худогоҳу ватандӯст ақидаҳои созандаи худро дар пешбурду ободонии мамлакат роҳандозӣ намуда, дар баробари мамолики мутараққии ҷаҳон кишварро дар ҳама самт рушд бахшанд. Ҷавонон имрӯз нисбат ба ифротгаро гардидани баъзе аз ҳамсолони худ бетараф нестанд. Ҷавонон имрӯзҳо дар ҳар лаҳза тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишу гузоришҳо зидди ақидаҳои ифротгароёна баён мекунанд, ки ин ҳам метавонад дар пешгирӣ намудани гаравиши фирефташавандагон мусоидат кунад.     

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ низ метавонад, ғуруру ҷавонмардӣ ва ҷасорату шуҷоатро дар дили насли ҷавони кишвар ҷойгир кунад, ҳамзамон боло гузоштан ҳифзи муқаддасоти миллиро дар ҳар лаҳза ба онҳо водор созад. Дар шаҳру навоҳии мамлакат дар рӯзи гусели наваскарон аз ҷониби ҷавонони фаъол ташкили чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ далолат ба он медиҳад, ки эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар қалби ҷавонон бедор гардад.

Тафтишот ва таҳлилҳои гаравиши ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ собит намудааст, ки сатҳи огоҳии ҷавонони фирефтагардида аз моҳияти дини мубини ислом паст буда, дар онҳо коҳиши асосҳои ахлоқӣ дида мешавад.

 Муҳоҷират низ яке аз омилҳои фирефташавии ҷавонон мегардад. Насли ҷавон дар муҳоҷират беназорат монда, омили пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ мегардад. Албатта, пешрафт ва тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии ягон кишвари оламро бе ширкату фаъолияти ҷавонон тасаввур кардан имкон надорад.

Пешгирӣ аз гурӯҳҳои тундгаро вазифаи ҷонии ҳар як соҳибватан дар ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Волидайнро месазад, ҳар рӯз аз вазъи таълим, бо чигуна фардҳо муносибат доштани фарзандашон бохабар бошанд ва зери назорати доимӣ қарор бидиҳанд. Вазъи ҷаҳони имрӯз хеле ҳассос аст. Имкониятҳои васеъи истифодаи техникаи муосир шароит фароҳам меоварад, ки шаҳрвандони синну соли гуногун тавассути истифодаи шабакаҳои интернетӣ аз рӯи фиребхӯрӣ ба гурӯҳҳои тундгаро пайванданд. Аз ин лиҳоз, ҳар сокини мамлакат, алалхусус, ҷавононро месазад, ки ҳангоми истифодабарӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ фарҳанги бузурги ахлоқиро нишон дода, бо ҳар гуна муҳокимаҳои бӯҳтонангез номи худ ва волидайни худро доғдор насозанд. Ҳамеша ба манфиати миллату давлат сухан гуфтан ва дар амал татбиқ намудани эҳсоси ватандӯстӣ қарзи муқаддаси ҳар марди хирадманд ва соҳибватан аст. Саҳмузорӣ дар ободонии кишвар ҳифзи арзишҳои миллӣ оини ватандорист.

Осими Оқил,
 номзади илмҳои техникӣ,
устоди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh