Дурӯғи шумо теша ба решаатон мезанад

Дар яке аз гузоришҳои хеш Саидюнуси Истаравшанӣ бо маълумоти дурӯғини хеш боз як тӯҳмат дар ҳаққи мардуми диёри хеш кардааст. Ӯ аз номи яке аз нафарон як гуфтаи Кабириро мисол меоварад, ки кас хандааш меояд. Ин суханҳои гӯё Муродулло Давлатов, раиси вақти Кумитаи дини Тоҷикистон аст, ки аз номи хоинони миллат бардурӯғ оварда шудааст.

 Мо - шаҳрвандони Тоҷикистон, тӯҳматҳои пучу беасоси ҲНИ ва ҳадафҳои онро медонем. Чунин нафронро аз барномаҳои телевизионӣ мебинем ва моро эҳсоси нафрат фаро мегирад.

 Ин ашхосон зери таъсиру бо супориши ташкилотҳои хориҷа амал карда, сулҳу осоиштагӣ, Ватан ва дигар арзишҳои миллиро фурӯхтаанд ва ҳеҷ гоҳ намехоҳанд мардуми тоҷик пеш равад. Бояд гуфт, ки мардуми мо имтиҳони сангинеро аз сар гузаронид, вале хоинони миллату Ватан боз кӯшиши дар кишвар доранд.

 Ҳоло маром ва мақсади мардуми диёр ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ буда, барои мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолият мекӯшанд. Вале душманони миллат ҳоло аз оромии кишварамон ҷомаи сиёҳ ба бар намуда мақсад доранд нобасомониҳо дар кишвари мо барпо шавад табли шодӣ зананд.

 Ҳадафи навбатии ғаразмандонаи онҳо танҳо Тоҷикистонро ба майдони ҳарбу зарб табдил додану худ тамошобин ва таъминкунандаи яроқу аслиҳа гардидан асту халос. Онҳо ҳасудхӯрони миллати тоҷик буда, гулгулшукуфии Тоҷикистон онҳоро кӯр намудааст, ки ҳатто бародару хоҳари худро намешиносанд.

 Миллати тоҷик имрӯз барои таҳкими сулҳу осоиштагӣ Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон камар бастааст. Мақсади асосии аҳли ҷомеаи мо ин роҳ надодан ба терроризм ва экстремизм ва нобуд кардани решаҳои он аст.

 Мо, омӯзгорон, бояд ба донишандӯзони худ қадру қимати сулҳ, осудагӣ, Ваҳдатро фаҳмонем, фаҳмонем, ки мо, сокинони ин кишвар бояд барои пойдории сулҳ, истиқлолияти миллӣ саҳмгузор бошем, онро таҳким бахшем.

З.АХМЕДОВА,
муовини декан оид ба тарбия,
факултети забонҳои хориҷии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh