Аз таҳдидҳои иттилоотӣ худро дифоъ намоем

Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ - экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст.

Ин ташкилот бо мақсади тарғиби ғояҳои экстремистӣ - террористӣ, бадном кардани Тоҷикистон ва ба вуҷуд овардани кинаву адовати динӣ ва миллӣ дар ҷомеа ташкил шуда, ин аломатҳо дар наворҳои интернетии онҳо мавҷуд мебошад. Иттилооти низоъангези онҳо, ки дар ин сомонаҳо паҳн мешаванд, пур аз туҳмату буҳтон нисбат кишвари мо ва мардуми он аст.

Ҳадафи асосии ин ташкилоти террористӣ - экстремистӣ, ки имрӯз баъзе шаҳрвандони хоини тоҷик ба он шомил гаштаанд,  барои мустаҳкам намудани демократия ва адолати иҷтимоӣ набуда, балки ин тоифа дар замони муосир бозичаи дасти баъзе кишварҳои манфиатдори хориҷӣ гаштаанд ва амалҳои онҳо зиддиинсонӣ мебошад.

Ноором кардани оромии кишвар, ташкили созмону ташкилотҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар мамлакат мақсадҳои асосии ин ташкилот мебошад.

Аксарияти намояндагони «Паймони миллӣ чанд сол пеш сарзамини моро тарк карда, дар Аврупо паноҳ бурданд ва бешармона ҳуқуқи башарро шиори хеш қарор дода, амалҳои манфури худро анҷом медиҳанд. Маълумотҳое, ки бо воситаи сомонаҳои худ паҳн мекунанд, ягон далелу асос надошта, аз дурӯғу туҳмат иборат аст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ онҳо фаъолияти ғайриқонунии худро идома дода истодаанд, ки ба таблиғи ғояҳои терроризм, ифротгароии динӣ асос ёфтаанд.

Муваффақияту дастовардҳои Тоҷикистон онҳоро нороҳату асабонӣ мекунад.

Гарчанде роҳбарияти ТТЭ ҲНИ зоҳири хешро иваз намуда, худро ба ҳайси як созмони демократӣ ба намоиш гузошта бошад ҳам, вале аз бартариҷӯии динию мазҳабӣ ва шеваи хушунат, ки ҳамеша зидди озодиву ҳуқуқҳои башаранд, даст накашидааст. Аз рӯи маълумотҳои мутахассисон ТТЭ ҲНИ бо иқдоми ташкили паймони нав ба мисли найрангҳои солҳои 90-ум азм дорад, амалҳои террористиву экстремистияшро зери ниқоби ин паймон амалӣ созад. Яъне «Паймони миллии Тоҷикистон» - ин ҳамон ТТЭ ҲНИ бо номи дигар аст. Қаламбадастони хоину беномус, мисли Саидюнуси Истаравшанӣ баҳри ризоияти муассисонашон аз ҳеҷ дурӯғу тӯҳмат ба мардуми кишвари худ парҳез намекунанд.

Мардуми кишвар хуб дар ёд доранд, ки роҳбарияти наҳзат дар оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ ба ҷойи ҳимоят аз истиқлолияти сиёсии кишвар ва арзишҳои миллӣ барои расидан ба қудрат мардуми ноогоҳро аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба пойтахти кишвар оварда, ба ҷанги шаҳрвандӣ кашонданд. Мо бояд фазои иттилоотии мамлакатамонро аз чунин воқеаҳо ва таҳдидҳои иттилоотӣ ба амнияти кишвар ҳимоя намоем.

                                           Равшан УСАНОВ,
номзади илмҳои фалсафа, дотсенти
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

 

Add comment


Security code
Refresh