Ҳарзаи бӯқаламуни ватангадо!!!

Баъзе бандагони Парвардигор бехабар аз он, ки худ гумроҳ шудаанду пуштибонҳояшон ононро барои ҳадафҳои нопоки худ истифода мебаранд ва баъдан чун ҷузъи нолозим ба майдони нопайдоканор мепартоянд, андешаю матлаби хоми худро рӯи коғаз оварда, байни ҷомеа сухангӯӣ мекунанд. Вазъи ҷаҳони муосир собит кард, ки як гурӯҳ муғризони нобакору хоини Ватан ҳар гуна созмону ташкилотҳои бадандешу бадкорро дар Аврупо ва ғайра ташкил намуда, дар байни ҷаҳониён бо дасисабозию туҳмат нисбати Ватани аҷдодиашон машғуланд. Ин нобакорон худ қоил мешаванд, ки дар байнашон ихтилофоту кашмакашҳои зиёде мавҷуд буда, танҳо дастури хоҷагони маблағгузорашон онҳоро ҳамчун гурӯҳи барҷомонда муттаҳид кардааст.

Шиносоӣ бо ҳарзаҳои Сайидюнуси Истаравшанӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар фарди поквиҷдону ватандӯстро водор месозад, ки дар канор набошад ва нисбати андешаи хоинонаи ин нафарон ибрози ақида кунад.

Худ қазоват кунед, ки ин ватанфурӯшон дар даруни як гурӯҳ чораи таслим ба якдигарро пеша кардаанд ва худи ин ҳолат гувоҳи он аст, ки ин нафарон мавқеи муайяни шаҳрвандӣ ва сиёсӣ надоранду бозичаи дасти хоҷагони хориҷианд.

Ихтилофҳои дохилии ин лӯхтакони белаҷом аз он ҳувайдост, ки яке созмонҳои фирқавии худро “миёндавраӣ” мешумораду дигаре ин ташкилоти маккорону қаллобонро доимиву устувор!? Афроди нобакор, ки ҳадафҳояшон ҷустуҷӯи манфиат ва назари бад аз кирдори дигарон аст, доимо аз паи луқмаи нопоки бедардумиён ҳастанд. Дар ҳолатҳое, ки аз зери нохун чирке дарнаёбанд, худро “мусичаи бегуноҳ” тарошида, ба зери нохун мехоҳанд, ифлосию нопокиҳои худро ҷой диҳанд.

Агар дар байни хоинони Тоҷикистони биҳиштосо, ки худро мутеи Паймони миллӣ медонанд, нафаре босаводу бофарҳанг мешуд, аллакай нобакореро чун Сайидюнуси Истаравшанӣ аз кашталаш ба дор меовехт. Вале мутаассифона, дар ин созмони сохтакорона нафаре пайдо нашудааст, ки сухангӯиҳои ватангадои беимонро таҳрир кунад ё худ бар зидди он вокунише карда бошад. Азбаски дар ҳайати нобакорони беватан чунин афрод пайдо нагардид, ин хоинони ватанфурӯш, ки худро чун намояндаи миллати тоҷик муаррифӣ мекунанд, дар назди ҷаҳониён ба миллати тамаддунофари тоҷик сангандозӣ доранд.

Мардуми боору номуси Тоҷикистони азиз, ки аз кирдорҳои муғризонаи виҷдонфурӯшони наҳзатӣ солҳои сол танҳо рафтори ношоистаю хиёнат ба Ватанро дидаанд, ҳеҷ замоне дигар фирефтаи ҳарзаҳои нобакорони имонфурӯш нахоҳад шуд.

Баръакс, баҳри ободии диёр сарҷамъу муттаҳид мешаванд ва кулли ҷомеаи Тоҷикистон доимо омода ҳастанд, ки мақсаду мароми созандаю суботкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд ва дар ин ҷода муваффақ низ шудаанд.

Зеро ҷаҳониён аллакай мардуми шарифи тоҷикро ҳамчун мардуми тамаддунофар, раъиятпарвар, табиатдӯсту меҳмоннавоз мешиносанду итминони комил доранд, ки ин кишвар соҳиби ояндаи нек аст.

М.СОБИРОВ,
М.ДАДОБОЕВ,
устодони МДТ Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh