Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Add comment


Security code
Refresh