Ҳизби ифротии наҳзати ислом – сарчашмаи терроризм ва экстремизм

Дар солҳои охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1 дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаргуна ваҳшонияти гурӯҳи ифро¬тию террористӣ – экстремистӣ ба ҷамъияти мутамаддини ҷаҳон пайваст гардид. Аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи мо низ чунин ташкилот мутаассифони солҳои 90-ум роҳ ёфта, сабаби нооромӣ ва саргардонии мардум гардид, вале аз он ҷо, ки саркардагони он нақшаву нияти бад доштанд, ба орзуву иқдомҳои аҳриманонаи худ ноил нагардиданд.

Дар ин миён хиёнате, ки бо чунин иқдомҳо ваҳшигариву зулму ситам, хунрезиву ҷаллодӣ ва дасисабозӣ ТТЭ ҲНИ баҳри халқу миллати мо тоҷикон карданд, ҳеҷ нобахшиданист… Ин ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ аз замоне, ки бунёд ёфт ва фаъолияти худро шурӯъ намуд, ба ҷуз моҷароҷӯӣ, ниқорталабӣ, қонуншиканӣ   кори хайре накардааст. Ғояи асосии ҲНИ ин мунофиқӣ буду бас, зеро онҳо доим пайрави моҷаро буданду мардумро ба моҷарову зиддият балво меандохтанд.

Мардум хислатҳои террористӣ-экстремистии ҲНИ-ро дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта хуб дарк карданд ва чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динию мазҳабӣ ва аз кадом ҷониб амалишавии онҳоро мушоҳида намуда, донистанд, ки амалиётҳои террористӣ аз ҷониби ин гурӯҳи манфиатҷӯ амалӣ мегардид. Бо чунин рафтори хушунатбори худ ҲНИ таъсири бади хешро ба руҳу равони миллати тоҷик расонид, ин фаъолияти онҳо боиси бегонапарастӣ, бадбинӣ, яъсу ноумедӣ ва хурофотпарастиву парокандагӣ оварда расонид. Ҳаракатҳои террористии ҲНИ сохтори сиёсиро фалаҷ гардонида ба иқтисодиёту молиёти кишвар таъсири нобахшиданӣ гузошт ва ин ҳисоротро солҳои сол мардуми мо ҷуброн карда истодаанд. Ҳамаи ин рафтору фаъолияти ҲНИ ҳаракатҳои бевоситаи террористӣ ба шумор меравад, ки инро мардуми шарифи мо дар охири садаи асри сипаришуда таҳаммул карданд. Сарчашмаи асосии ифротгаро дар Тоҷикистон ин амалиётҳои ҲНИ мебошад, ки бадбахтона ба сари мардуми мо фурӯ рехт.

Ин рафтори номардонаи намояндагони ҲНИ ва беобрӯии онҳо ҳазорон сол барои халқу миллату фарҳанги мо басанда аст ва аз касолату касофатзадагии амалиётҳои ҲНИ ҳазорон нафар даст ба ҷанги хонумонсӯз зада, ба тору пуди миллат рахна ворид намуданд. Ҳамон солҳо бо касофати ин хоинон мардуми бегуноҳ ба хун оғӯшта, бехонаву дар, бесаробону бесоҳиб, ятиму бепарастор, маъюбу маъюс, дастнигару фақир, мусофиру муҳоҷир гардида, ҷумҳурии моро аз дигар ҷумҳуриҳори собиқшӯравӣ ба тӯли чандин даҳсолаҳо ба қафо андохт.

Ин душманони миллат исломи нобро ниқоби худ сохта, мехостанд ба “сулҳ”-у “ваҳдат”-и Тоҷикистони тозаистиқлол рахна ворид созанд, хуни мардумро боз бирезанду оромии ҷомеаро аз байн баранд. Ба ёд оред, ҷанги дохилии Тоҷикистонро ҲНИ ташкил кард ва аз тарафи ин ташкилоти террористӣ – экстремистӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии кишвар кушта шуданд, ин амалҳо худ ба миллати тоҷик душман будани онҳоро исбот менамояд. Ин инсонҳо душмани халқу миллат ва Вахдат намебуданд, идае аз мардуми мо ба хусус ҷавононро гумроҳ намуда, ба сӯи ҷаҳолату хунрезӣ равона намекарданд.

Вале тақдир барои миллати тоҷик ҳодиву раҳо¬нан¬даеро эҳдо намуд, ки маҳз ба шарофати он кас сулуҳу субот дар ҷумҳурӣ истило ёфт.

Аз хидматҳои бузурги Пешвои муаззами миллатамон дар даҳаи охири асри гузашта ин буд, ки ба хотири сулҳу субот, ваҳдат, ба хотири тинҷию оромии Тоҷикистон гунаҳкоронро афв намуданд, аз ҷумла ана ҳамин хоинони давлату миллат, яъне наҳзатиҳоро низ бахшиданд, ки тӯли ин қадар сол дар фазои сулҳу оромӣ сарзамини хеш кору фаъолият намуданд. Ҳарчанд, ки ҷиноятҳои онҳоро ҳама медонис¬танду аз он огоҳ буданд, ба хотиру сулҳу осоиштагии кишвар давлату ҳукумат аз онҳо даъвое накард. Вале ин нокасону ватанфурӯшон тинҷию оромиро нахостанд ва аз сари нав хостанд, ки ба фазои ороми кишвар нуқсон ворид намоянд. Мехостанд дубора мардумро ба гирдоби хун оғӯшта кунанд, мардуми сарҷамъро парешону беватан гардонанд, аммо ба нияти нопоки худ ҳеҷ гоҳ нарасиданд ва намерасанд.

ҲНИ аз рузҳои ташкилёбиаш душманиро сар кард, то кунун душмани халқу миллат, душмани ваҳдату амният ва душмани фазои орому осудагии мо мебошад.

Аз ин ҷо бармеояд, ки сарчашмаи асосии экстремистӣ – террористӣ ин ҳамон ҳаракатҳое мебошанд, ки исломро сипари худ ҷило додаанд ва мардумро аз лиҳози динӣ фиреб доданд, дини исломе, ки мояи онро инсондӯстиву инсонпарварӣ ташкил мекунад ба даҳшату ҷаҳолати худ хатокорони истифода намуданд. Ин афрод бо номи чунин ҳаракатҳо: Салафия, Ваҳобия ва ТТЭ ҲНИ, Ал-қоида, Толибон, Ҷиҳод, Давлати исломӣ ва ғайра мебошанд, ки модори асосии террористӣ ба шумор мераванд. Маҳз ҳамаи ин бесару сомониҳои замони муосир аз ҷониби аъзоёни ин ҳизбу ҳаракатҳо сарзад, ки даҳшати инҳо дар рӯи замин паҳн гашт ва мардуми оламро бар зидди худ равона намуд, имрӯз сар то сари олам зидди ин ҳизбу ҳаракатҳо муборизаи шадид бурда истодаанд.

ТТЭ ҲНИ марказе мебошанд, ки даҳшат, зулм, зӯрӣ, хунрезӣ, фиребу найранг, дурӯғ, хусумат, ғараз, инсонфурӯшӣ ва тамоми хулқу ахлоқи ғайри инсониву шаръӣ ва ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон аз он ҷо сарчашма гирифт. ТТЭ ҲНИ мактабе мебошанд, ки маҳз террорист, тундрав ва ҷаҳлу ҷоҳил тарбия мекунанд. Чуноне ки дар ҷомеаи мо чунин корҳоро раво диданд, ин ҳизбу ҳаракатҳои Салафия, Ваҳобия ва ТТЭ ҲНИ буданд, ки бо идеологияи мардуми бегона ва дурӯғи исломӣ фаъолият намуданд. Ин худ нишони террористӣ мебошад. Аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ – террористӣ то имрӯз хуни миллионҳо бегуноҳро рехтанд ва миллионҳо модарро ба ғам гирифтор намуданд. Ҳамаи ин амалҳои онҳо ин нишони экстремистӣ – террористӣ мебошад. Инҳо хиёнаткоранд, инҳо хоин, душмани инсону ислом ва Заҳҳоксифатонанд…

ҲНИ ин ташкилоте мебошад, ки барои мақсадҳои нопоки худ ру ба Ислом ниҳода, тариқи фиребу найранг афродеро ба суи худ фирефта кард. Нанг ба номи миллату Ислом оварда, дар Ватани маҳбубамон фангу хунрезиро пеша намуд, ки боиси инқадар талафоти ҷониву равонӣ гардид.

Имрӯз дар қатори ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ ҲНИ низ шомил буда, мақсади инқилоб ё табаддулотро роҳандозӣ дошт ва мехост ки ҷомеаи орому осудаи мардуми тоҷикро чуноне, ки солҳои 90-уми асри гузашта ба сари мардуми мо оварда буд боз дубора орад. Мутаассифона ба ин нақшаи бешарафонааш мушарраф нагардид. Зеро дар ин ҳизб бештар ҷоҳилону бехирадон аъзо буданд ва дар як вақт душмани бади мардуми тоҷик низ буданд. ТТЭ ҲНИ аз замоне, ки таъсис ёфт ва ба фаъолият шурӯъ намуд, ба ҷузъ ташкили намоишу майдоннишинӣ, моҷароҷӯӣ, ниқорталабӣ, қонуншиканӣ, фишороварӣ, таҳдиду зӯроварӣ дигар кори неку судманд барои халқу миллату ҷомеа накардааст. Ин ташкилот саросар характери террористии худро нишон дод. Мардуми шарифи Тоҷикистон фикру ақидаи ифротии ТТЭ ҲНИ-ро ба хубӣ дарк намуд.

БЕРДИШУКУРОВ А.,
устоди ДДХ

Add comment


Security code
Refresh