ҲНИ – СОЗМОНИ ҲАРЗАГӮЮ ДУРӮFБОФ!

Имрӯзҳо ҷаҳонро зуҳуроти номатлуби ифротгароӣ ба ташвиш оварда, он ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст. Ифротгароӣ ба дини мубини Ислом ягон иртиботе надорад, вале, мутаассифона, ин амали зиштро аксари мардуми аз Ислом бехабар ба он вобаста мешуморанд.

Ҳанӯз дар давраи дар қайди ҳаёт буданашон пайғамбари ислом Муҳаммад (с.с) гуфта буданд, ки рӯзе мерасад,ки мардуме пайдо мешаванд ва аз оятҳои китоби муқаддаси “Қуръон” ба шумо ҳарфҳои ширинро гуфта, Шуморо фирефтаи мақсади нопоки худ мекунанд. Вале ибодати онҳо аз нӯги шамшерҳояшон дур намеравад ва шумо ҳаракат кунед, то аз онҳо дурӣ ҷӯед, то ки ба рехтани хуни ноҳақ шарик нашавед. Имрӯзҳо ин суханони пайғамбари Ислом исботи худро ёфтааст ва маҳз ҳамин ифротгароёни замони муосир амалҳои нопокашонро бо номи ин дин рӯйпӯш мекунанд. Рехтани хуни ноҳақ гуноҳи кабира буда, қотил мубталои оташи дӯзах мегардад, ки ин нукта дар оятҳои китоби муқаддас дарҷ гардидааст. Дар Тоҷикистон низ дар даврони истиқлолият Ҳизби наҳзати Ислом арзи ҳастӣ кард, ки худро ҳомии дини ислом ва мусулмонҳои кишвар номида, майнаи ҷавононро гич кард, ки дар натиҷа воқеаҳои мудҳиши солҳои 90 - уми асри ХХ сар зад. Баъди соҳиби истиқлолият шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон душманони дохилӣ ва хориҷи кишвар бо сарварии саркардаҳои ТТЭ ҲНИ байни минтақаҳои гуногуни он низоъ ва кинаву адоватро паҳн карданд . Дар натиҷа дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд, сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардиданд.

Баъди барқарорсозии сулҳу субот соли 1997 баста шуданӣ, созишномаи истиқрори сулҳ як маротиба ба ин ҳизб имконият дода шуд, ки рафторашро нисбат ба Ҳукумату давлат дигаргун кунад, мувофиқи он ба намояндагони мухолифин 30% вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ вогузор карда шуд. ТТЭ ҲНИ - ро ҳамчун ҳизби сиёсии хусусияти динидоштаи қонунан фаъолияткунанда пазируфтан ба он имкон дод, намояндагонаш дар мақомотҳои мухталифи давлатӣ аз ҷумла ниҳодҳои қудратӣ ба вазифа таъйин гарданд. Вале ТТЭ ҲНИ дар низоми давлатдории дунявӣ ҳамчун як ниҳоди исломи сиёсӣ мақоми қонунӣ касб карда, тавонист аз тариқи матбуоти расмии худ идеяи исломи сиёсиро пайваста тарғиб намояд. Амалҳои нангини ин ҳизб собит кард, ки дини Ислом дар зоти худ ба ҳеҷ гуна ҳизбу созмонҳои сиёсӣ ниёз надорад. Ҳизбсозию сиёсисозии Ислом барои шахсони манфиатҷӯ лозим аст ва барои расидан ба мақсадҳои худ онҳо даст ба ҳамагуна кирдорҳои зишт мезананд.

Кори имрӯзи Кабирӣ дар хориҷи кишвар ин рафтори «пешвоёни» ҳизби диниро хиёнат ба миллату Ватан ва бовару эътиқоди мардум номидан мумкин аст. Роҳи пешгирифтаи чунин моҷароҷӯён фақат бар зарари амнияту оромии кишвар мебошад. Таҳлили фаъолияти ТТЭ ҲНИ тӯли чанд соли охир ва муҳтавои маводи сомонаҳои ба ин ҳизб тааллуқдошта нишон медиҳанд, ки дини Ислом барои онҳо танҳо воситаи пиёдасозии ҳадафҳои нопокашон мебошад.

Дар хотима бояд қайд кард, ки талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри гул - гулшукуфоии мамлакатамон имконият намедиҳад,ки дигарбора мардуми шарифи тоҷик фирефтаи дасисабозиҳои ин ифротиён гарданд.

С.FАФФОРОВ,
устоди Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон
дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh