ҲАДАФҲОИ НОПОКИ ТТЭ ҲНИ

Экстремизм ва терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуб хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногун аст. Ин сабабҳо: сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ, фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайраҳо.

Воқеаҳои ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки айни замон бузургтарин таҳдид ин фақат экстремизм не, балки экстремизми динӣ мебошад.

Солҳои 90-уми асри ХХ аксари кишварҳои дунё ҲНИ-ро ҳамчун мухолифини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мекарданд, вале фаъолияти солҳои охири онҳо нишон дод, ки мақсади асосии ин ҳизб бегонапарастию ифротгароӣ буда, ба пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо манфиатдор нестанд.

Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми динӣ ба ташвиш оварда, он ба масъалаи доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Зеро фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Чуноне, ки аз расонаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ бармеояд солҳои охир иллати сар задани падидаҳои номатлуби хатари тафриқаандозӣ дар байни мусалмонон ва пайдо шудани иғвоангезӣ, таҳрибкорӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ бегонапарастӣ ва паҳн кардани ин матлаби ғаразона дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мухталиф боиси ба гурӯҳҳои террористӣ - экстремистӣ шомилшавии онҳо гардид ва, бадбахтона, бархе ҷавонони тоҷик низ фирефтаи ин гурӯҳҳо гардиданд. Ин падидаи номатлуб ҳар як шарҳванди бонангу номусро бетараф гузошта наметавонад. Чуноне, ки сиёсатшиносони кишвар қайд мекунанд, воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, ки миллатро ба ҳоли парешонию давлатро дар садади нобудӣ қарор дод, натиҷаи чунин ноогоҳию ҷаҳолат, ва фирефтаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ва бархе аз гурӯҳҳои фурсатталаб гардидан буд.

Имрӯз мардуми кишвар симои ҳақиқии ТТЭ ҲНИ-ро шинохтааст ва бар суханони пучу бӯҳтонҳои онон эътимод надорад.

Вале, бовуҷуди ин мо бояд ба тақдири насли ҷавон бепарво набошем, ҳадафҳои нопоки ифротгароёнро ба онҳо шарҳ диҳем.

Зеҳни онҳоро бо ақидаҳои солим, арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллӣ пур кунем.

 Саломат НИЁЗОВА,
муаллимаи  калони  кафедраи
иқтисодиёт  ва  идоракунӣ

Add comment


Security code
Refresh