Зи каззобӣ вуҷудаш мешавад хушк

Намояндагони ташкилоти ҲНИ - и собиқ, ки ба рӯяш кайҳо қонунӣ хати батлон кашидаем, гӯиё ба худ ҳар фасли сол як номи наву сохта гузошта, аз фаъолияти ғайриқонуниашон, дар ин ё он минтақаи ҳобаллигӯй сару садои бефаросатонаю бесаводонаи аҳриманӣ, ки бар хилофи аҳду паймонҳои қонунист, чун фаъолони "Паймони миллии Тоҷикистон" - овоз баланд карданианд, ки аз он гаштаву баргашта кас, дар ҳайрат мемонад.

Онҳо аз рӯйи нақшаҳои ғаразноки пештараи худ боз мехоҳанд, ки оромӣ ва сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлолу навинро ноустувор созанд.

Биёед, ба гуфтаи пири маҳаллаи Майдони Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Бобои Фармони 95 - сола, ки ҳазор бор шукргузор аз ин замони тинҷу ором ва сулҳу суботанд, дар ин мавзуъ гӯш диҳем:

- Ман даҳ фарзандро ба воя расонида, соҳиби зиёда аз дусад набераву абераҳоям. Аз имрӯза ҳукумат ва Сарвари оқилаш ниҳоят миннатдору шукргузорам. Ин гуна озодиву ободиро дар даврони шӯравӣ ҳам надида будам. Вале аз ношукриву носипосии баъзе аз хоинони Ватан хеле дар ҳайратам. Ин касофатҳои ношукр бояд кайҳо тавба намудаву аз пайи ҳамдигарфаҳмӣ, ободии диёр ва зиндагии осуда камари ҳиммат мебастанд.

Вале ҳайҳот, ки то ба ҳол бо умеди саҳмгузорони фитнаангези хориҷиашон тушбераро хомшуморӣ карда истодаанд. Ҳамаи онҳо аз Кабириашон сар карда, чун намояндагони дини мубини Ислом ҳадисҳои “Қуръон” - ро бар манфиати хеш таҳлил кардаву ниқоб пӯшида, сухан мегӯянд.

Магар бехабаранд, ки мо хурду бузург аз як гиребон сар бароварда, кишварамонро устувору ҷаҳонӣ карда истодаем.

Имрӯз мардуми поктинати моро дигарбора раҳгум зада наметавонанд ва ҳамаи хоби аҳмақонаашонро дубора ба об гӯянд…"

Бале, ба ибораҳои ин пири қофиласолори зиндагӣ, халқи солимфикр аз ҳиллаву найрангҳои созмони фитнаҷӯй ва ҳампешагони хоинонаш ба пуррагӣ огоҳ мебошад. Асли ҳамаи ин амалҳои онҳо дасисаву иғвогарӣ буда, мардуми хештаншиноси Тоҷикистон ба он ваъдаву хаёлоти бофта ҳеҷ бовар нахоҳанд кард.

Аҳли ҷаҳон огоҳ аст, ки намояндагони ин ташкилотҳои ифротӣ худро ҷабрдидаву бегуноҳ вонамуд карда, маблағҳои зиёд аз ин ё он хоҷаҳояшон талаб менамоянд.

Мо хуб медонем, ки ягон маблағ барои беҳбудии аҳволи ниёзмандон харҷ намешавад. Танҳо барои харидани тиру туфанг ва тайёр намудани зархаридони ҷангиву сиёсӣ ва аҳдшиканон сарф хоҳад шуд.

Душманони миллати тоҷик ба ҳар роҳу восита мехоҳанд, фазои ороми кишвари азизи моро ғуборолуда гардонанд. Тариқи ҳамаи таблиғотҳои мавҷуда сиёсати давлатиро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёти минбаъдаи Ватан равона шудааст, нодидагирӣ менамоянд.

Масалан, аз Полшаю дигар давлатҳои хориҷа истода, тақдири кишвари соҳибистиқлол - Тоҷикистони навинро ҳал карданианд.

Онҳо мехоҳанд, тариқи фаъолияти хоинонаи баъзе афроди ҷиноятпешаи дохилӣ ҳамкорӣ намуда, ҷавонони гумроҳро ҷуста, ба доми фиреби худ кашанд.

Мо бояд аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое, ки Исломро фақат барои фирефтан ва гумроҳ намудани мардум истифода мебаранд, саривақт бохабару боэҳтиёт бошем. Ба суханони пуч дода нашуда, дар ҳимояи дину ақида ва мазҳаби хеш собитқадаму устуворӣ мебояд.

Гоҳҳо дар шабакаҳҳои иҷтимоӣ ба матлабҳое рӯ ба рӯ мешавам, ки Ҳизби наҳзати исломиро бо ДИИШ - у «Ал - қоида” баробар мепиндоранд. Ҳол он ки аз кӯр - кӯрона тақлид намуданашон аз онҳо ҳам хатарноктаранд. Онҳое, ки ба лутфи наҳзатиҳо соддалавҳона бовар доранду дунболашонро гирифтанианд, бояд бидонанд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ, бо ҳеҷ гурӯҳ то охир ҳампаймон ҳам намешаванду ақидаи дигареро таҳаммул карда ҳам наметавонанд.

Таърих гувоҳ аст ва аз хотираҳо ҳанӯз дур нарафтааст, ки солҳои навадуми асри гузашта бо ҳизби демократ, ҷунбиши "Растохез", - ҳаракати "Лаъли Бадахшон" паймонбастагон куҷо шуданду моро, то куҷо оварданд?

Ба он ҷавонон, ки хориҷ аз кишвар ҳизбу ҳаракат ба миён оварданианд, ҳайфам меояд, ки сабақи солҳои навадум ба онҳо ибрат нашуда, боз ин гуна мазҳакаҳоро ба саҳнаҳои нав бароварданӣ мешаванд.

Масалан, як гурӯҳи мусаллаҳи иғвоангез шаби 6 - уми ноябри соли 2019, соати 03 -ву 23 дақиқа иборат аз 20 нафар ниқобдорони номаълум бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии рақами 4 - и Ишқобод, қисми ҳарбии сарҳадии "Султонобод" ҳуҷум карданд.

Ё худ воқеаҳои дар кишварҳои мусулмоннишин рухдода истода моро бетараф набояд гузорад. Ҷангҳои сарди ин кишварҳо ба Тоҷикистони азизи мо низ таҳдид дорад.

Хосатан, вазъияти имрӯзаи Афғонистон набояд ягон нафари боору номуси ватандӯсту ҳамзабонро дар канор гузорад. Моро лозим аст, ки ҳар гуна иғвогарӣ, дасисаҳоро маҳкум карда, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба сӯи ободӣ, осоиштагӣ ва бунёдкорӣ роҳнамоӣ намоем. Ин неъмати гаронбаҳо – оромии сулҳу суботро мисли гавҳараки чашм ҳифз кунем. Ба гуфти пирони кор, аз як гиребон сар бароварда, сарҷамъ шуда, баҳри ҳимояи марзу буми покамон бедориву зиракии сиёсӣ дошта бошем.

Расул Додхоҳи РАҲИМИЁН,
Аълочии фарҳанг, маориф
ва илми Тоҷикистон,
аъзои Иттиҳоди
журналистони ҷумҳурӣ

Add comment


Security code
Refresh