Иқдоми хоми ҲНИ ва дигар созмонҳои фитнаҷӯй

Имрӯзҳо созмонҳои фитнаҷӯй, аз ҷумла ҲНИ ниқоби хешро иваз намуда, бо номгузории «Паймони милли» дар зери боли хоҷагони хориҷиашон ҳадафу нақшаҳои ғаразноки пештараи худ боз мехоҳанд, ки оромӣ ва сулҳу суботи Тоҷикистони азизамонро халалдор созанд. Мебоист қалбашонро пок намуда,  кинаву кудурати бадбиниро дур мекарданд.

Имрӯз мардуми соҳибақлу соҳибфарҳангу соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ҳилаву найрангҳои созмони фитнаҷӯй ва ҳаммаслакони хиёнаткораш ба пуррагӣ огоҳ мебошанд. Асли онҳо дасисаву иғвогарӣ буда, ба он суханони бофтаву сохтаи онҳо бовар нахоҳанд кард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ аст, ки намояндагони ин ташкилоти ифротӣ мусичаи бегуноҳ вонамуд намуда маблағҳои зиёд мегиранд, ки ин сифати разилона дар қалбашон аз аввал ҷой дорад. Ягон маблағ барои беҳбудии аҳволи ниёзмандон харҷ нашуда? Барои харидани тиру туфанг ва тайёр намудани нафарони хиёнаткор сарф менамоянду халос. Ҳама аъзоёни ҲНИ дар майдони «шаҳидон» ҷамъ буданд аз Ҷумҳурии Исломии Эрон «ёрии башардӯстона» омада буд, ки дар нақлиёти боркаш ба ҷои маводи зарурӣ яроқу аслиҳаи бисёре буд, ки бар зидди Тоҷикистониён истифода шуд. Магар ин кирдори онҳо амали террористӣ набуд? Оё касе инкор карда метавонад? Дар Тавилдара ваҳшиёна кушта шудани ҳайати СММ, силсилаи қатлҳои шахсиятҳои сиёсию фарҳангии Тоҷикистон ва ғайра аз ризолату ҷаҳолат зулму ситаму бераҳмӣ ва қатлу ҷинояти роҳбарони ҲНИ шаҳодат медиҳад, ки имрӯз ба рӯй ниқоби дигар гирифтанд. Аъзоёни ҳизбу гурӯҳҳои ифротагарою террористӣ ба сабаби барангехтани низоъ, даст доштанд дар ҷангу хунрезӣ ва қатлу кушторҳои бешумор аз ҳар ҷиҳат ҷинояткоранд, аммо бо сабаби дар муқобили Ватану миллати худ қарор гирифтан, хоини Ватану миллат маҳсуб мешаванд.

Душманони миллати тоҷик ба ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари азизи моро халалдор созанд. Тариқи телевизионҳои моҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро, ки баҳри таъмини сулҳу суббот ва тараққиёти минбаъдаи Ватан равона шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд. Аз хориҷа истода тақдири Тоҷикистонро ҳал карданианд. Мехоҳанд тариқи фаъолияти хоинонаи баъзе афроди ҷиноятпешаи дохилӣ таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиребанд ва муқобили Ватану миллати хеш барангезанд.

Мо бояд аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳое, ки Исломро фақат барои фирефтан ва гумроҳ намудани мардум истифода мебаранд, бениҳоят эҳтиёт бошем. Ба суханони “ширин”-и заҳролудкунанда, ояту ҳадисҳои таъвилшудаву таҳриф ёфтаашон фирёфта нашавем. Дар ҳимояи дину ақида ва мазҳаби хеш соҳитқадаму устувор бошем. Воқеаҳои дар мамолики мусулмоннишин руҳдода истода моро бетараф нагузорад. Даргириҳои ин сарзаминҳо ба Тоҷикистони азизамон низ таҳдид дорад. Хосатан вазъияти имрӯзаи Афғонистон набояд ягон нафари боору номуси ватандӯстро дар канор гузорад. Тағйири ном як ҳилаву найранг асту халос, моро лозим аст, ки ин гуна иғвогарӣ ва дасисаҳоро маҳкум намуда, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба сӯи ободӣ, осоиштагӣ ва бунёдкорӣ роҳнамоӣ намоем. Ин неъмати гаронбаҳо–оромии сулҳу суботро мисли гавҳараки чашм ҳифз намуда, дар атрофи Cарвари давлат, Пешвои тоҷикони ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида,  дар ҳимояи дину Ватани азизамон пойдор бошем. Барои шукуфоии кишвар ва поянда будани сулҳу амонии Тоҷикистони азиз кӯшишу ғайрат намоем. Дарк карда бошем, ки ҳар иқдоме, ки аз ҷониби Роҳбари давлат роҳандозӣ мешавад, танҳо ба хотири сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва осудаҳолии мардум мебошад.

Фаридун ҲОДИБОЕВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh