Оид ба сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Аврупо

Боиси фараҳмадӣ ва ифтихори миллист, ки фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ин ҷаҳони пурҳаводиси муосир, тавонист бо мутакко ва нерӯи қавии халқи шарифу  таҳаммулпазири тоҷик то ба қуллаҳои бузургу тавоноӣ нерӯи инсонӣ, яъне рақобатпазир  ва ҳамкорӣ намудан дар арсаи  ҷаҳонӣ то ба 160 давлати  дунё расад ва бо давлатҳои мутамаддини ҷаҳони муосир, рағбат қудрат ва тавоноӣ ҳосил намояд.

Сафари навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  давлатҳои Аврупо дар фазое сурат гирифт, ки Тоҷикистон яке аз силсилаи ҷашнҳои давлатдории  худ, яъне 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсия, ҳимоятгари халқу миллати шарифи худро ҷашн мегирад ва сафари расмии Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба давлатҳои Аврупо мутмаин мешуморем, ки  ба ҳалли як зумра масъалаҳои  глобалии ҷаҳони муосир  ва даҳҳо иқдомҳои нек  нигаронида шуда, баҳри баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми шарифи Тоҷикистон табодули афкор ва таҷриба хоҳад буд.  

Имрӯз боиси афсӯсу надомат аст, ки аз обу хоки муқаддаси ин Ватан баҳрабардорию аз зодгоҳат як қадам ба берун гузориву ба қадри нони хӯрданат нарасӣ. Як зумра ҷавонони “соддаю нодон” аз пайи ризқу рӯзии фарзандонамон мешавем гуфта ба кишварҳои Амрикову Аврупо ба кор рафта, ҳангоми кор наёфтану меҳнати ҳалол накарда, бо хоҷагоне, ки пулашонро барои манфиати худашон сарф мекунанд, рӯ ба рӯ шудаанд.

Ин гурӯҳ ашхосон бо гирифтани маблағ аз хоҷагони хориҷии худ ба ивази он пешравии кишвари худро надида, нисбат ба мамлакату шаҳрвандони он буҳтонҳо мезананд. Тариқи сомонаҳои интернетӣ ҳар сухане ба забонашон ояд, андеша накарда, онро баён мекунанд, ки ин албатта, аз бесаводӣ ва бедонишии онҳо дарак медиҳад. Агар Шумо ошиқи пулу молу мулки хоҷагонатон намешудеду ба Ватан меомадед ва аз пешравию  ободии ин сарзамин хубтар шинос мешудед, шояд ҳеҷгоҳ ба даҳонатон нисбати кишвари худ - Тоҷикистон сухан намекардед. Шумо гурӯҳе ҳастед, ки “Хоинон” – и Ватан, Шумо на Модар, на Ватан ва на хоҳару бародар доред. Шумоён бо ин амалҳои номардонаи худ ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ кор аз дастатон намеояд.

Имрӯз мардуми тоҷик худро мешиносанд ва зиракии сиёсиашонро ҳеҷ гоҳ аз даст намедиҳанд. Агар шумоён низ хонда маълумоти олӣ мегирифтед, шояд ба ин аблаҳӣ даст намезадед. Ин ҳама аз бесаводии шумоён аст, ки дидаву дониста, кӯр - кӯрона ба ҳама сухан нодида бовар мекунеду ба ҷои муаррифӣ кардани Ватани азизи худатон аз паси молу мулки хоҷагони хориҷиатон ба давлату миллати худ суханҳову луқмаҳои беҷо мефиристед, ки ин амали шумоён амалҳои номардона аст. Мард он аст, ки дар бари Роҳбари кишвараш қомат рост мекунаду барои ҳимояи марзу буми кишвари худ мардона хизмат мекунад.

Мо, ҷавонони, дӯстдорони ин сарзамин, тамоми суханҳову гуфтор ва рафтори шумоёнро маҳкум менамоем ва намегузорем, ки ҳеҷ гоҳ шумоён “мардон”-ии дар зиндагӣ номарду дар халку Ватан рӯсиёҳ ба максадҳои нопоки худ намерасед.

Ҷомеа устодони факултаи ҳуқуқшиносии
донишгохи давлатии   Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh