Бо иваз намудани ниқоб сиришт пок намегардад

Имрӯзҳо созмонҳои фитнаҷӯй ниқоби хешро иваз намуда, бо номгузории «Паймони миллӣ дар зери боли хоҷагони хориҷиашон қарор гирифта мехоҳанд, ҳадафу нақшаҳои ғаразноки амалӣ ва оромӣ ва сулҳу суботи кишвари азизамонро халалдор созанд.

Мебоист қалбашонро пок намуда,  кинаву кудурату бадбиниро дур мекарданд. Имрӯз мардуми соҳибақлу, соҳибфарҳангу соҳибистиқлоли диёрамон аз ҳилаву найрангҳои созмони фитнаҷӯй ва ҳаммаслакони хиёнаткораш ба пуррагӣ огоҳ мебошанд. Асли мақсади онҳо дасисаву иғвогарӣ буда, ба он суханони бофтаву сохтаи онҳо каси солимфикр бовар нахоҳад кард.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ аст, ки намояндагони ин ташкилот худро мусичаи бегуноҳ вонамуд карда дар асл бошад, аз хоҷагонашон маблағҳои зиёд мегиранд, ки ин сифати разилона дар қалбашон аз аввал ҷой дорад. Аз он маблағое барои беҳбудии ниёзмандон кишварамон дираме харҷ шуда? Не. Онон ин гулҳоро барои харидани тиру туфанг ва тайёр намудани нафарони хиёнаткор сарф менамоянду халос. Танҳо пеши назар овардани ҷиноятҳои ҲНИ шаҳодат медиҳад, ки онон имрӯз ба рӯй ниқоби дигар гирифтаанд. Аъзони ҳизби ифротагарою террористи наҳзат ба сабаби барангехтани низоъ, даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин аз ҳар ҷиҳат гуннаҳкоранд, аммо бо сабаби дар муқобили Ватану миллати хеш қарор гирифтан хоини Ватану миллат маҳсуб мешаванд.

Душманони миллати тоҷик ба ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари  азизи моро халалдор созанд. Тариқи телевизионҳои моҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ ҷониби сарзамини аҷдодии хеш сангандозӣ мекунанд. Аз хориҷа истода, тақдири Тоҷикистонро ҳал карданианд. Мехоҳанд тариқи фаъолияти хоинонаи ҷавонони ноогоҳро фиребанд ва муқобили Ватану миллати хеш барангезанд.

Мо бояд аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое, ки исломро фақат барои фирефтан ва гумроҳ намудани мардум истифода мебаранд, бениҳоят эҳтиёт бошем. Дар ҳимояи дину ақида ва мазҳаби хеш соҳибқадаму устувор бошем. Тағйири ном кардани ҲНИ як ҳилаву найранг асту халос, моро лозим аст, ки  ин гуна иғвогарӣ ва  дасисаҳоро маҳкум намуда, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба сӯи ободӣ, осоиштагӣ ва бунёдкорӣ роҳнамоӣ намоем. Ин неъмати гаронбаҳо – оромиву сулҳу суботро мисли гавҳараки чашм ҳифз намуда, сарҷамъ гардида,  дар ҳимояи Ватани азизамон пойдор бошем. Барои шукуфоии кишвар ва поянда будани сулҳу амонии Тоҷикистони азиз кӯшишу ғайрат намоем.

Набихони Ярқулзода
Имом-хатиби масҷиди Ҷомеаи ҷамоати
деҳоти Шаҳрак, шаҳри Исфара

Add comment


Security code
Refresh