Чорабинии идона бахшида ба 25 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 5 - уми ноябри соли 2019 дар толори бошукӯҳи Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят ба ифтихори 25 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва фаъолони вилоят иштирок намуданд. Чорабинии мутантан бо ворид намудани Парчами давлатӣ ба толор ва садо додани Суруди миллӣ ҳусни оғоз ёфт.

Дар ҷамъомади тантанавӣ Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло сокинони вилояти Суғдро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ин санаи фархунда табрик гуфта, иброз дошт, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, мавсуф таъкид намуд, ки бахшида ба ин санаи таърихӣ дар ҷамъомади тантанавӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштанд, ки аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст.

Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода низ ҳозирин ва ҳамаи сокинони сарбаланду ватандӯсти вилоятро ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба ҳамагон саодати рӯзгор, барори кор ва осмони софу фазои беғуборро таманно намуд.

Раиси вилоят таъкид дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қабули он тавассути кӯшишҳои собитқадамонаву ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар айни ташаннуҷи авзои ҷомеаи байналхалқӣ ва вазъияти душвори оғози соҳибистиқлолӣ 6 ноябри соли 1994 сурат гирифт, қабл аз ҳама, тамомияти арзӣ, тағйирнопазирии натанҳо шакли идора, балки моҳияти аслии давлати тозабунёди тоҷиконро дар масири ҳуқуқбунёдӣ, дунявият, иҷтимоиву низоми демократӣ муаррифӣ намуд. Санади мазкур аз лиҳози мазмуну муҳтаво фарогири кулли масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ, амнияту суботи ҷомеа ва шаҳодати давлату давлатдории мардуми кӯҳанбунёди тоҷик ва меъёрҳои эътирофгардидаи байналмилалӣ буда, ҳамчун таҷассумгари имрӯз, дурнамо ва паёмадҳои фардои миллат, баёнгари орзуву омол ва ормонҳои халқи тоҷик дар масири эъмори Тоҷикистони озоду обод ва пешрафтаву мутараққӣ дар радифи мамлакатҳои дар роҳи рушд қарордошта, мавриди эътирофи ҷаҳониён гардид.

Тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ва тарафдории аксари сокинони мамлакат қабул шудани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати барқарор сохтани сулҳу субот дар ҷомеа, таъмини амнияту оромӣ, ҳокимияти қонунияту тартибот, маҷрои осоиштаи ҳаёти сокинон ва рушди бомароми иҷтимоиёт ва иқтисодиёт дар мамлакат заминаи муносиб фароҳам овард. Зеро, Конститутсия ҳамчун санади дорои эътибори комили ҳуқуқӣ инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун гавҳари офариниш ва арзиши олӣ, инчунин халқи мамлакатро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият эътироф намуда, баробарии шаҳрвандонро дар назди қонун эълон кард.

Бо ҷаҳду талош ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун кафили Конститутсия ва сиёсати ба он асосёфтаи давлату Ҳукумати мамлакат, ҷумҳурии тозаистиқлоли мо аз вартаи заволу нобудӣ берун омад, тоҷикон сарҷамъ шуданд ва дар саросари Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойдор гардид.

Маҳз, тавассути амалӣ шудани талаботи Конститутсия дар мамлакат раванди амалии ислоҳоти иқтисодӣ тақвият ёфт ва ҷомеа ба суботи сиёсӣ расид.

Дар Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони азиз барои тавсеаи ҳамаҷонибаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ шароитҳо мувофиқу созгор буда, марҳалаи тозаи пайкорҳои наҷиб, офарандагиву бунёдкорӣ, эҳёи ҳақиқии тамаддуни миллӣ бо рӯҳияи баланди ватандорӣ идома доранд.

Дар ин раванд мардуми мамлакат, аз ҷумла сокинони вилоят ба дастовардҳои бузург ноил шуда истодаанд.

Ифтитоҳи нақбҳои «Шаҳристон» ва «Истиқлол», шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Бӯстон-Чаноқ, оғози фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Роғун», баргузории тантанаҳои муҳими давлатӣ аз қабили ҷашни 1150 – солагии зодрӯзи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1310 - солагии мавлуди Имоми Аъзам, бунёди хатти баландшиддати барқии 500 кВт «Ҷануб - Шимол», хатти баландшиддати интиқоли барқии 220 кВт «Хуҷанд - Айнӣ», пули нав дар болои дарёи Сир, варзишгоҳ барои 25 ҳазор нафар дар шаҳри Хуҷанд, Литсейи президентӣ дар шаҳри Бӯстон, корхонаҳои бузурги саноатӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент, Гулистону Бӯстон, ноҳияҳои Мастчоҳу Зафаробод ва садҳо иншооти дигар, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар манотиқи мухталифи мамлакат сурат мегирад, маҳсули шаффофияти қонун ва нақши боризи Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа маҳсуб ёфта, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, болоравии бештари мавқеи сиёсӣ ва байналмилалии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мусоидат карда истодаанд.

Мавриди таъкид аст, ки зимни татбиқи ҳуқуқи конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории мамлакатамон дар 25 соли амали Конститутсия, нӯҳ маротиба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” қабул гардид. Тавассути ин иқдоми инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорҳо шаҳрвандони раҳгумзада бо шукргузорӣ аз чунин инояти тақдир ва дуои хайр нисбати Пешвои муаззами миллат ба назди оилаи худ баргаштанд ва дар қатори садҳо мардуми диёр ба амалҳои ободониву созандагӣ оғоз намуданд.

Дар партави муқаррароти Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол чун ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат аз ҷониби Сарвари давлат ҳамчун бозгӯи татбиқи ҳадафмандонаи орзуву ормонҳои деринаи мардуми кишвар арзёбӣ мегардад. Зеро, аз оғози даврони Истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумат маҳз беҳдошти рӯзгори халқ мебошад ва кӯшишҳои пайгиронаи роҳбарият танҳо ба ҳамин мақсад равона шуда истодаанд.

Рушди устувор ва босуботи ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақвияти раванди дастрасӣ ба ҳадафҳои стратегии миллат боис гардид, ки мушаххасан, солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мукаммал гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд.

- Бо гузашти як фосилаи муайяни таърих, яъне чаҳоряк асри амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо бо дилпурӣ ва ифтихормандии том таъкид менамоем, ки ин санади ба маънои ҳақиқияш ифодагари манфиатҳои миллат, таҷассумкунандаи тамоми паҳлуҳои ҳаёти давлат ва ҷомеаи кишвар, рисолати таърихии худ - фароҳам овардани фазои осоиштаву ором, таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини Ваҳдати миллиро иҷро намудаву роҳи фардои моро мунаввар сохта, сокинонро ба ояндаи ободу дурахшон дилгарм ва раҳнамун кард, - иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тақдим гардид.

Барномаи ҷолиби аҳли санъату фарҳанги вилоят, ки фарогири мавзӯъҳои ватандӯстиву сулҳпарварӣ буд, ба ҷамъомади идона шукӯҳи тоза бахшид.

Хабарнигори
 «Ҳақиқати Суғд»

 

 
 
 
 
 
 
 
 
 

Add comment


Security code
Refresh