ШАҲКИТОБИ БАХТ

Конститутсия шоҳкитоби бахти мост. Он қонуни бахт, қонуни ҳақиқат ва кафили ҳуқуқҳои шаҳрвандон мебошад. Он 6-уми ноябри соли 1994 бори нахуст ба тариқи раъйпурсии тамоми мардуми кишвар қабул карда шуд. Барои мо хеле гуворост, ки дар қатори ҷашнвораҳои бузурги кишвар 25-солагии Конститутсияи мамлакатро ҷашн мегирем.

Бисту панҷ сол дар назди таърих ҳеҷ аст, аммо ин давра исбот сохт, ки амали Конститутсия, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад, марҳалаи имтиҳони ҷиддии ҳаётро паси сар намуд ва дуруст будани мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, далели худро дарёфт.

Ин ҳуҷҷати муҳими таърихӣ, қонуни асосии давлат, асосҳои сохтори ҷамъиятӣ ва иқтисодии мамлакат, шакли идоракунӣ ва сохтори давлатӣ, ҳуҷҷати бузурги ифодаи ғамхорӣ дар ҳаққи инсон, дифои ҳуқуқи ӯ ба кору таҳсил ва истироҳат аст. Ҳар сатри ин санади муҳим замимаи бахту саодати халқ аст. Аз ин рӯ, мардуми мо ин ҳуҷҷати бузургро ҳақиқати зиндагӣ, шоҳкитоби бахти худ меҳисобанд. Боиси тазаккур аст, ки дар Тоҷикистон халқҳои гуногун дар асоси як қонун дӯстона зиндагӣ мекунанд. Дар асоси ин қонун ҳама чиз аз они халқ ва барои халқ аст. Ҳар кас барои меҳнат, истироҳат ва хондан ҳуқуқ дорад.

Бо шарофати Истиқлолият ва Конститутсия фаъолият ва мақоми сиёсии кишвар берун аз Тоҷикистон васеъ паҳн гардид. Тамоми 10 бобу 100 моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи соҳибистиқлоли давлати мо қадами бузурги таърихии давронсоз мебошад, зеро он роҳи моро ба сӯи ояндаи дурахшон муайян менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи баҳои коршиносони хориҷӣ аз ҷиҳати таъмини ҳуқуқи инсон миёни давлатҳои узви Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар ҷои панҷум қарор дорад.

Агар моддаи якуми Конститутсияро, ки «Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад» ба риштаи таҳлил кашем, он дӯстӣ, сулҳ ва баробарҳуқуқии мардуми мо мебошад. Натиҷаи дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар давлатамон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор буда, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фароҳам оварда шудаанд. Хушбахтона, имрӯз дар сар то сари ҷаҳон номи давлати тоҷиконро медонанд, ба забон мегиранд, ба ҳурмати он ҳини садо додани Суруди миллӣ ва оҳанги мутантани он хурду калон эҳтиром меоварданд.

Оё ин бузургтарин бахт ва ифтихор аз Ватани азиз нест? Оре, ин саодати бепоён ва мояи шукри беадад аз Истиқлол ва Конститутсияи мамлакат мебошад.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh