Паймоншиканон аз об хушк баромаданӣ ҳастанд

Ҳақиқатнигори машҳури наҳзатӣ Шабнам Худойдодова ҳеҷ гоҳ дар фикри миллат набуд ва нест. Танҳо ба василаи ҳангомасозиҳояш мехоҳад ҷомеаи аврупоиро ба муаммои худ ҷалб намояд. Аз кай боз ҳомии ҳуқуқи занон ва духтарон шудани ин бону маълум аст. Ҳаминки ба Аврупо паноҳанда шуд, дигар дар пайи ҳифзу дифои ҳуқуқҳои занону духтарон иқдом намуд, то ин ҳангом ба чӣ кор машғул буд.

Ҳангомасозӣ кардан ва симои худро дар маърази тамошои ҷомеаи аврупоӣ гузоштан имрӯз ба кори рӯзмарраи ба ном мухолифини тоҷик табдил ёфтааст ва Шабнам аз ин қоида истисно нест. Барои он ки дар ҷомеаи мадании аврупоӣ шинохта шаванд, ба ҳангомасозии матбуотӣ ва расонаӣ машғул мешаванд. Аммо ҷомеаи мадании аврупоӣ даргири умури худ ҳаст ва ба ин навъ шиорпароканию ҳангомасозиҳо, аслан таваҷҷуҳ намекунад ва фурсат ҳам надорад.

Дар Тоҷикистони кунунӣ ҳама чи озод аст, аммо озодӣ ва истиқлол дар доираи қонун авлавият дорад. Озодӣ гуфта, ҳар кореро ки мехоҳем, кардан гирем, аз ин мафҳум ҳеҷ чизи муқаддас боқӣ намемонад. Ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон имрӯз ҳам риоят мешавад, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи кӯдак узвият дорад. Дар нишастҳои созмонҳои марбута ширкат меварзад, барои ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳама кор анҷом дода мешавад. Аммо намегузорад, ки ду-се нохалафе дар пардаи дину мазҳаб ва озодиву демократия пинҳон шуда, истиқлолият ва амнияти миллиро зери хатар гузорад. Агар тақдири ин миллату давлат ба дасти нафароне чун Шабнам гузошта шавад, дар ҳадди аксар қонунбофию қонунсозӣ карда, ҷомеаро ба арсаи бозиҳои сиёсӣ тела медиҳанду худ хушк аз об баромада, боз ба хориҷ паноҳ мебаранд. Ин навъи дар нохунак «дилсӯзиҳо»-ро мо бисёр дидаем.

Юсупов Д.С. – н.и.и., дотсент, мудири
кафедраи кори бонкии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh