ДОИР БА ЯКСОЛАГИИ ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲАДАФҲОИ МУҒРИЗОНАИ ОН!

Алим Шерзамонов, дабири Анҷумани озодандешон, Шарофиддин Гадоев, намояндаи Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломӣ баёнияи таъсиси эътилофи Паймони миллии Тоҷикистонро дар шаҳри Варшава имзо карданд.

Ин роҳбарони мухолифин, ки худро роҳбарони бо ном ватандӯст мегӯянд, пас куҷост он ватандӯстии онҳо майдон аз далер аст, биёед ба Тоҷикистон марҳамат кани аз боло гузаред, некии шумо куҷост ба мардуми барҷомонда, камбағал, ятимон? То мо шуморо ватандӯсту нексиришт, озодандеш, ғамхори миллати тоҷик гӯем. Охир мисли рӯбоҳ аз паси парда истода, бо ёрдамчиёни худ, ки дар аврупо бо маблағҳои хоҷагонатон зиндагӣ доред баромадҳо намуда, мардумро ба гумроҳӣ бурда истодаед. Боз ким-кадом як паймони миллӣ созмон додаед, ин чӣ маънӣ дорад Тоҷикистон ба ягон созмон ниёз надорад. Инро хуб дар хотир нигоҳ доред ватанфурӯшон! Мегӯед ки мо ҳам дар комиссияи оштии миллӣ дар вақташ ҷонбозиҳо кардем. Пас чаро сулҳро созмон дода боз бар зидди он баромад мекунед?

Ин магар аҳмақӣ нест, боз худро Кабирӣ як роҳбари ба гуфти худ созмони  пурнуфуз аст. Магар эй ҳаммаслакони Кабирӣ бесаводро дар сари худ мезанед. Биёед ба Тоҷикистон ба шумо ҷои кор ҳаст зарур нест, ки аз пуштаи як бесавод дар гурезу таҳлукаву азоб монед. Охир он лидерони озодандеш биёед ватанро обод созем, на аз паси вайронии он бошем . Кабирӣ рӯирост изҳор мекунад, ки Паймон бо мақсади пуршиддат намудани вазъи иҷтимоии ҷомеа, барҳам задани суботу амният дар мамлакат, таҳрифу бадном кардани фаъолияти мақомоти давлатии Тоҷикистон дар фазои иттилоотии ҷаҳон, омода намудани замина барои ҷалби шаҳрвандон ва истифода намудани онҳо дар фаъолияти террористӣ ба коркарди идеологии мафкураи шаҳрвандони Тоҷикистон машғул мешавад.

Самти интихобнамудаи стратегияи иттилоотӣ ва ҳадафҳои ниҳоии он бараъло маълум буда, дар порае аз суханони Кабирӣ М. оид ба омодагии Паймон баҳри ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод намудани роҳи ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ нишон дода шудааст.

Иқрори Кабирӣ М. худ гувоҳӣ медиҳад, ки барҳам додани сохти конститутсионӣ ҳадаф, муҳтаво ва муҳаррики аслии Паймон мебошад».

Ҳамин тавр, Паймони миллӣ – ТТЭ ҲНИ аст, ки зери номи нав мехоҳад фаъолиятҳои террористии худ ва ҷиноятҳои содирнамудаашро пинҳон намояд. Аммо бояд дар хотир дошт, ки бо иваз кардани номи худ ТТЭ ҲНИ ҳадафҳои ҷиноятӣ ва алоқааш бо ташкилотҳои террористии байналмилалиро тағйир надодааст.

Маҳз аз ин сабаб, коршиносон таъкид мекунанд, ки «бозии элитаи сиёсии ғарбӣ бо ТТЭ ҲНИ ва дар заминаи он ташкили созмони нав, мисли «Паймони миллӣ» метавонад натиҷаи ноустувор ва ё баръакс ба бор оварад. Дар ниҳоят террористони ТТЭ ҲНИ-и бо пули андозсупорандагони давлатҳои ғарбӣ ташаккул ёфта, ҳар лаҳза метавонанд аз зери назорат хориҷ шаванд ва мисли силоҳро сӯйи хоҷагони худ гардонанд, ки назирашро аз таърихи амалиёти пинҳонии мақомоти махсус мушоҳида кардан мумкин аст. Дар он ҳолат «ТТЭ ҲНИ ба хор ё зиребае дар дили Аврупо табдил меёбад, ки халосӣ аз он кори душвор хоҳад буд».

И.Норов,
омӯзгори ДПДТТХ

Add comment


Security code
Refresh