АЪЗОИ ТТЭ ҲНИ ҒУЛОМИ ПУЛУ САРМОЯ

Сабабгори асосии ҷанг дар солҳои 90-уми асри гузашта ТТЭ ҲНИ буд, ки сабаби марги 150 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар гардид.

Ҳаракатҳои аъзои ТТЭ ҲНИ боиси тақсимшавии ҷомеа гардид ва бародар хуни бародарро рехт. Махсусан, бо таҳқири омӯзгору аҳли илм мавқеи илм ва олиму омӯзгорро дар ҷомеа поён овард ва ба дур мондани гурӯҳҳои муайян аз таҳсил гардид, ки дар пайи хеш садҳо мушкили дигарро ба миён овард. Дар давоми 18 сол, ки ин ҳизб дар кишвар озодона амал дошт, фаъолияти хешро на аз роҳи бароварда кардани ниёзи иҷтимоӣ ва беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии мардум, балки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш аз шеваи террори ақидатӣ истифода намуд. Тавассути сармоягузории хоҷагони берунии хеш фазоро пур аз ақоиди ифротӣ намуда, мағзи садҳо нафарро вайрон гардонд. Тавассути расонаҳо ҳамарӯза афкори хурофотӣ ва террористиро таблиғ намуданд. Натиҷаи ҳамин гуна террори ақидатии наҳзатиҳо сабаб гардидааст то даҳҳо нафар ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайванданд. Дар 18 соле, ки ин ҳизб дар кишвар фаъолият намуд, тамоми ҳадафаш ба террори ақидатии ҷомеа нигаронда шуда буд.

Дар марҳилаи охири фаъолияти хеш дар кишвар ва махсусан, пас аз нокомӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015 ТТЭ ҲНИ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш, яъне расидан ба қудрати сиёсӣ дар моҳи сентябри ҳамон сол бо роҳи низомӣ хост ҳокимиятро ба даст дарорад. Пӯшида нест, ки дар амалӣ гардидани чунин ҳадаф баъзе кишварҳо ба он сарпарастии молиявӣ намуда, сарони ин ҳизбро ба чунин амал таҳрик намуданд.

ТТЭ ҲНИ то ҳол бо мақсади бо роҳи зӯрӣ дар Тоҷикистон гирифтани қудрати сиёсӣ ва ба хотири бунёди «давлати исломӣ» аз ёрию пуштибонии хоҷагони бегонаи худ бархӯрдор аст. Барои ин гурӯҳе, ки дар Аврупо панаҳ бурда, барояшон баъзе доираҳои манфиатдори давлатҳои муайян сармоягузорӣ мекунанд, ҳеҷ арзише муҳим нест, на миллат, на дин, на истиқлолият ва на манфиати миллӣ. Ин гурӯҳи дурӯғпеша то он ҷо ниқобҳоро ба рӯи хеш задаанд, ки агарчи дар тӯли фаъолияташон фақат ҳуқуқҳои инсонро поймол кардаанду онро бо роҳи хушунату таҳқир ва ҷисман аз байн бурдан ба барда табдил додаанд, имрӯз дар дили Аврупо ва дар САҲА аз ҳуқуқи башар ва аз ноадолатӣ дар Тоҷикистон ҳарф мезананд.

Раҳбари фирории ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ тавассути найрангбозию иғвогарӣ ва фазлфурӯшиаш созмонҳои ифротии «Ҷунбиши ислоҳот ва рушд”, “Анҷумани озодандешони тоҷик” ва “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо”- ро аввал ташкил дода, сипас бо онҳо иттиҳод баст.

Имрӯз ноҷавонмардонаи наҳзатиёни террорист нишон медиҳад, ки барои ин гурӯҳи сияҳкор истиқлолият, давлат ва ҳуввияти миллӣ ҳеҷ арзише надоранд. Аъзои фирории ТТЭ ҲНИ, ки ҳамчун ғуломи бозиҳои сиёсӣ истифода мешаванд, ҳанӯз ҳам аз кирдорҳои нангине, назири таъсиррасонӣ ба мафкураи мардум, бесубот кардани вазъи дохилии Тоҷикистон даст набардоштаанд ва чашми умед ба он доранд, ки бо чунин амалҳои носавоб аз хоҷагони бурунаашон пул меситонанд. Зеро онҳо ғуломи пулу сармоя гашта, ба асли арзишҳои инсонӣ пушт гардондаанд.

Чун оина равшан аст, ки дастовардҳои бесобиқаи давлату миллати тоҷик, ҷойгоҳи баланди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути шоҳкориҳои беназири роҳбари давлат наҳзатиёнро нороҳату асабонӣ кардааст. Ин ҳақиқатро аз мутолиаи гузоришҳои ғаразноки сомонаҳои интернетие, ки таҳти ҳимояти молии хоҷагони ТТЭ ҲНИ қарор доранд, ёфтан мумкин аст.

Ҳадафи асосии ин ҳизб на бар пояи демократия ва адолати иҷтимоӣ, балки бар пояи хушунату бадбинӣ ва бартариҷӯии динию мазҳабӣ устувор аст. Ҳамин буд, ки дар он солҳо гурӯҳҳои ҷангию террористии худро созмон дода, бо хашинтарин шеваҳо мардумро таҳқиру қатл ва ғорат намуданд.

Хушбахтона, дар партави сиёсати дурбинонаи роҳбари давлат аз чунин вартаи ҳалокат ва нобасомониҳо раҳо шуда, вориди марҳилаи нави созандагӣ гардид.

Аҷиб ин аст, ки намояндагони давлатҳои Аврупо дидаю дониста аз ҳамин гурӯҳи террористӣ ва зиддиинсонӣ ҳимоят мекунанд. Вале бояд дониста бошанд, ки ин гурӯҳи хатарнок ҳар замон метавонад қиёфаи аслии хешро ба намоиш дарорад ва аз ҷониби дигар набояд ба суханбозиҳои сиёсии роҳбарони ин ҳизб, ки айни ҳол аз ҳуқуқи башар ҳарф мезананд ва ба амалкардҳои онҳо ҳамеша дар мухолифат қарор мегирад, зоҳирбинона назар афканд.

Замон одилтарин ва оқилтарин довар аст. Номи мубораки ҳар як шахс дар ёди ворисонаш абадӣ боқӣ мемонад. Бузургдошти номи шахс барои муттаҳидию ваҳдат, худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқии ӯ барои авлодаш ва ҷомеа хизмат хоҳад кард. Аммо баръаксии ин хислатҳо бадбахтии роҳгумзада мебошад.

 Р.УСАНОВ,
 номзади илмҳои фалсафа,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh