Мулоқоти ҷонибҳо оид ба ҳалли муноқиша

Гуфтушуниди ҷонибҳо оид ба ҳалли муноқиша дар наздикии марзи Тоҷикистону Кирғизистон, дар маҳаллаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Овчӣ - Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд судманд доир гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар гуфтушунид Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон Сарвазир Мухаммедкалы Абылгазиев роҳбарӣ намуданд.

Яке аз мавзӯҳои асосии мулоқот ба низом даровардан ва мӯътадилгардонии вазъият дар минтақаи баҳснок аст. Бо мақсади мустаҳкам намудани дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷонибҳо фикру андешаҳои худро барои ҳалли мушкилоти бамиёномада баён доштанд.

Алҳол вазъият дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ - Қалъача мӯътадил буда, нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ, ташкилоту муассисаҳо фаъолияти рӯзмарра доранд. Сокинони маҳаллӣ ҷонибдори ҳалли мусолиҳаомези муноқишаи ба миён омада ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстиву ҳамсоягӣ байни ду халқи ба ҳам ҳаммарз мебошанд.

Н. Турсунзода,

«Ҳақиқати Суғд»

  

  

 

 

Add comment


Security code
Refresh