БАРОИ ХУНИ ДАР МАРЗ РЕХТА ҶАВОБ ДИҲЕД САРҲАДБОНОНИ ҚИРҒИЗ?

Иғвои навбатии гурӯҳҳои манфиатхоҳи қирғиз дар сарҳад бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки боиси ҳалокати се нафар афсару аскарони марзбони тоҷик ва ташвишу изтироби мардуми мо гардид, аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишвари ҳамсояи мо нерӯҳое ҳастанд, ки сулҳу оромишро чашми дидан надоранд. Охир, баъди мулоқоти сарварони олимартабаи ҳарду кишвар моҳи августи соли равон бояд марзҳои мо ба марзи бародарӣ табдил меёфтанд ва он дӯстии чандинасраи халқҳои тоҷику қирғиз қавитар мегардид.

Чӣ арзише ҳаст, ки ба сулҳу ободии кишвар баробар шуда метавонад? Ҳеҷ чиз бо ин неъмати бебаҳо, яъне сулҳу осоиштагӣ дар як сатҳ қарор надорад.

Бадбахтона, таҳти ливои демократияи дурӯғин дар Қирғизистон ҳизбу гурӯҳҳое амал мекунанд, ки барои амалӣ гардонидани мақсадҳои нопокашон аз ҳеҷ кори пасту амали ноҷо рӯй намегардонанд. Барои онҳо на сухани роҳбари ноҳияву сарвари вилояташон қадру қимат дораду на сарвари мамлакаташон. Дар паси ин нерӯҳои ифротӣ намояндагони алоҳидаи сохторҳои қудратии кишвари ҳамсоя ҳам меистанд, ки оташи ҷангхоҳонаи онҳоро фурӯзонтар мегардонад.

Ҷойи нигаронист, ки расонаҳои хабарии Қирғизистон, чӣ давлатию чӣ ғайриҳукуматӣ, ҳодисаҳои нангини марзро, ки аксаран аз ҷониби шаҳрвандони кишвари худашон сар мезананд, пӯшиши яктарафа медиҳанд ва ҷониби моро ҳадафи таънаю маломат қарор медиҳанд. Аммо таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дар ҳеҷ давру замон ба сари ҳамсояи худ тохтутози чингизона накардааст ва намекунад. Вале сабру таҳаммули моро ҳам ҳадду андозаест. Иғвогарони ҷониби ҳамсоя бояд донанд, ки рӯзе барои ҳар қатра хуни дар марз рехта ҷавоби сангинеро сазовор хоҳанд буд.

Гулҷаҳон Турсунзода,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh