БА НЕКӢ МАГАР БАДӢ РАВОСТ? Ё АМАЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ САРҲАДБОНОНИ ҚИРҒИЗ

Воқеаи бегоҳии рӯзи гузашта-санаи 16 сентябри соли 2019 рухдода маро ҳамчун як сокини Тоҷикистон ва як нафар журналист ба шигифт гузошт.

Дар ин задухӯрд ва нофаҳмиҳо аз ҷониби Тоҷикистон се нафар шаҳид ва якчанд нафар захмӣ шуданд.

Гуфтаниям, ки мардуми тоҷик давоми асрҳо, ҳамин қадар муддати ҳамзистиву ҳамсоягӣ ягон маротиба  аввалин шуда, ба даст яроқ нагирифтаву ҷониби ҳамсояҳо тир напарронидаанд. Инро бояд сокинони кишвари Қирғизистон ва кормандони ниҳодҳои қудратии ин ҷумҳурӣ бояд донанд ва ойини ҳамсоядориро риоя намоянд.

Маркази иттилооти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қирғизистон дар як изҳорот як нафарро фавтида ва сенздаҳ нафарро ҷабрдида эълон доштааст, ки онҳо ба беморхонаи ҳудудии ноҳияи Лайлак бистарӣ карда шудаанд.

Вале, дар ин изҳорот як нукта равшан нест, яъне номи ягон нафар аз ин ҷабрдидагон, ҷои истиқомат ва суроғаашон дар рӯихат зикр карда нашудааст. Танҳо сари ҳарфи номҳо, ба монанди Ҷ.Б, У.Р ва дигарҳо оварда шудаасту халос. Тавре дар рӯихат оварда шудааст, дар ин задухӯрдҳо як тифл низ осеб дидааст, ки тахминан дувоздаҳсола аст.

Мо шоҳидем, ки намояндагони мардуми қирғиз дар осоишгоҳҳову шифохонаҳои ҳудуди ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, шаҳрҳои Исфараву Гулистони вилояти Суғд доимо табобат мегиранду саломатиашонро барқарор мекунанд, аз бозору мағозаҳо озодона харид менамояд ва дар ҳаққи онҳо мардуми тоҷик ягон хел озорро раво намебинанд.

Ба некӣ магар бадӣ равост?

Бояд бадкирдорону ҷинояткорон, ки сабаби нооромӣ, ноамнӣ ва фавту ҷароҳат бардоштани сарҳадбонони кишвари мо гаштаанд, ҷазои ҳақиқӣ бинанд.

Б.Неъматзода,

Н. Турсунзода,

Ҳақиқати Суғд

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh