Қалбҳои дӯстрӯякон аз чароғи ҳидоят равшананд!

Қадами муборак

Ҳар дафъае, ки Пешвои муаззами миллат ба диёри офтобии мо ташриф меоранд, дари корхонаҳои саноативу табобатхонаҳои замонавии дорои таҷҳизоти навтарин, муассисаҳои таълимӣ бо шароити муосир ва дигар иншооти талаботи замон боз мегарданд. Ва ба шарофати қадами мубораки Сарвари хирадпешаи мамлакат садҳо нафар соҳиби ҷойи корӣ гашта, вазъи иҷтимоии хонаводагии хешро беҳтар месозанд.

Баробари қомат афрохтани биноҳои таъиноташ гуногун, инчунин хайрандешӣ, хирадпешагӣ ва ятимпарварии Пешвои муаззами миллати мост, ки ҳар дафъаи қадам ранҷа намуданашон чанд оилаҳои эҳтиёҷманд ва ё оилаҳои ятимдошта соҳиби кошонаи хеш мегарданд ва калиди онро худи Ҷаноби Олӣ месупоранд. Ва чунин муҳаббату меҳрубонӣ ва назари неки Президенти мамлакат ба сӯи чунин табақа дар дили кӯчаку маъсуми кӯдакону наврасон нақши абадӣ мегузорад. Вақте сари ятимеро Пешвои ятимпарвари мо навозиш мекунанд, навраси дар олами ҳастӣ дилшикаста ҳарфи дил мегӯяду ашки шодӣ мерезад, зеро ӯ чунин муҳаббату навозишро на ҳамешаву на аз ҳама дидааст.

Тавре аз расонаҳои муътамад маълумот доданд, дар 15 муассисаи иҷтимоии интернатҳо, хонаи кӯдакон ва маъюбон 470 нафар ятим (аз он 245 нафар духтар) бо ғамхории ҳамешагии давлату Ҳукумати Тоҷикистон фаро гирифта шудаанд.

Дар фасли баҳори нозанин, дар айёми гулпӯш, охири моҳи март ва аввали моҳи апрели соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ба шаҳрҳои Хуҷанду Гулистону Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, чанд биноҳои истиқомативу муассисаҳои таълимиву саноатиро ба истифода супориданд. Инчунин, бо оростани дастархони пур аз муҳаббат ва туҳфаҳои хотирмон дили садҳо ятимони аз навозиши волидайн маҳруммондаро ёфтанд. Чунончӣ, ба хотири шодию нишоти 100 нафар ятимони кулл - таълимгирандагону донишҷӯёни муассисаҳои миёнаву олии шаҳри Хуҷанд дастархони идона ороста, ҳар якеро бо туҳфаҳои идона, аз ҷумлаи шиму костюм, ҷӯробу пойафзол, курта, шириниҳои гуногуни наврӯзӣ ва маблағҳои пулӣ шод гардонданд. Инчунин, ба 10 оилаи камбизоати шаҳри Хуҷанд калиди ҳуҷраҳои истиқоматии дорои тамоми шароит туҳфа гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар сафари навбатиашон низ, ки шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Деваштич ва Ҷаббор Расуловро фарогир буд, дар баробари аз вусъати корҳои ободонӣ, рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ аз наздик ошно гардидан, аз ҳоли ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд огоҳӣ пайдо карданд.

Масалан, 23 - юми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд сад нафар толибилмони синфҳои аз 6 то 11 - и мактаб - интернатҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Ашт ва Мастчоҳро бо кӯмакпулӣ, сару либос ва дастархони идона шарафёб сохтанд.

Чунин иқдом дар шаҳри Бӯстон ҳангоми ифтитоҳи иншооти хизматрасонии «Бӯстон» низ сурат гирифт. Пешвои муаззами миллат пас аз ифтитоҳи бинои мазкур дар арафаи таҷлили ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сад нафар ятимони куллро бо туҳфа ва дастархони идона хурсанд намуда, ёдовар шуданд, ки онҳо ҳамеша зери ҳимояву ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Дасти навозишбор

Ҳамчунин, Пешвои муаззами миллат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сад нафар ятимони кулли таълимгирандагони муассисаҳои таълимии як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоятро, ки бо амри тақдир аз меҳру муҳаббати волидайн маҳрум гаштаанд, бо туҳфаҳои арзанда тақдирониданд.

Умуман, пас аз соҳибистиқлолии кишвар ғамхорӣ нисбати ҷавонон ва насли наврас – ояндагони ҷомеа хеле хуб эҳсос мешавад. Хосатан, дар масъалаи беҳтар сохтани шароити таҳсил ва таълим, бунёди биноҳои муассисаҳои таълимӣ, азнавсозӣ ва таъмиру тармим, муҷаҳҳаз сохтан бо таҷҳизоти муосир ва ғайра. Дар баробари бунёди дигар иншооти таъиноташ гуногун бо ҷонибдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, масъулин ва бинокорон муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи соҳаи маорифро низ ба истифода дода истодаанд.

Биҳишт ин ҷост…

Тавре мудири бахши сохтмони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Аминҷон Бобоҷонов иттилоъ дод, ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи 1300 - рӯзи меҳнати зарбдор аз 6969 сохтмону азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими иншоот 138 бино ба муассисаи томактабӣ, 464 бино ба муассисаи таҳсилоти умумӣ, 10 толори варзишӣ, 331 майдончаи варзишӣ, 86 майдонча барои бозии бачаҳо тааллуқ дорад. Соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1299 иншоот ба истифода дода шуд, ки аз он 16 муассисаи томактабӣ, 72 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 19 толори варзишӣ, 84 майдончаи варзишӣ ва 30 майдонча барои бозии кӯдакон аст.

- Бунёди иншоот ва муассисаҳои таълимиву томактабӣ ва тандурустӣ, - қайд кард зимни суҳбат мутахассиси пешбари бахши сохтмони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Рауфшех Қобилшехов, аз ҷониби саховатмандону соҳибкорон ва кумитаи волидайну сармоягузории хориҷӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра аз 894 иншооти таъиноташ гуногуне, ки дар шаҳру навоҳии вилоят мавриди истифода қарор гирифтанд, 25 муассисаи томактабӣ ва 96 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин 36 толори варзишӣ, 127 майдончаи варзишӣ ва 45 майдончаи бозии кӯдакон мебошад.

Боиси фараҳмандист, ки чанде аз ин муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат ифтитоҳ гардидааст. Санаи 23 - юми августи соли равон Сарвари давлат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Файзбахш» - ро ба истифода супориданд. Кӯдакистон бо ташаббуси соҳибкор Отиной Бутаева бунёд гардида, 8 ҳуҷраи бозии кӯдакона, 8 ҳуҷраи хоб, ошхона дар ошёнаҳои якум ва дуюм, толорҳои варзишиву мусиқӣ бошад, дар таҳхона ҷойгир шудааст. Айни ҳол мураббиёни кӯдакистон 300 нафарро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиму тарбия менамоянд.

Муассисаи таҳсилоти томактабии «Ғунчаи Истиқлол» дар шаҳри Хуҷанд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дари худро барои дусад нафар кӯдакон боз намуд, аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, хонаи қабули кӯдакон, толорҳои калон барои чорабиниҳои фарҳангӣ, таълимӣ, мусиқӣ, ҳуҷраҳои барҳаво барои хоб ва тиббӣ, нуқтаи санитарӣ, ошхона, анбори маводи хӯрока, дар саҳни ҳавлии он шаш айвончаи бозӣ, майдончаи варзишии тобистона ва ҳавзи шиноварӣ барои насли минбаъда муҳайёст. Дар кӯдакистон омӯзиш бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фаро гирифта шуда, тавре Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, дар ин бинои барҳаво тарбиятдиҳандагон бояд кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ ба воя расонанд.

Дар баробари рушди соҳаҳои мухталиф ба истиқболи ҷашни бузурги таърихии 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор дар шаҳру навоҳии вилоят сохтмону таъмиру тармим ва бунёди иншоотҳои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, китобхона, беморхона, қасри фарҳангию фароғатӣ, гулгашт, таваллудхона, меҳмонхона барои қабули сайёҳон ва ғайра идома дорад ва Ватани мо мулки биҳиштосоро мемонад:

Гар биҳишт ин ҷост, ҳаққо Тоҷикистони ман аст,

Рашки ҷаннат дар Хуҷанду Рашту Хатлони ман аст.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh