Талабот ба муассисаи томактабӣ меафзояд

Дар нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода, ки бо иштироки намояндагони ВАО баргузор гардид, нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти маорифчиёни вилоят дар шаш моҳи сипарӣ баррасӣ шуд.

Қайд гардид, ки тибқи дастури Раиси вилоят ҷиҳати азнавсозӣ ва таъмиру тармими бинои 46 муассисаи таълимии садамавии дар вилоят буда, таъмири 22 тои он дар соли равон ба нақша гирифта шуда, дар 20 мактаб алҳол корҳо оғоз ёфтааст. Ҳамзамон, алҳол 728 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз он 32 гимназия, 25 литсей, як мактаби Президентӣ, се мактаб барои хонандагони лаёқатманд, се мактаб - кӯдакистон, як интернати санаторӣ, 4 мактаб - интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дошта, 533692 нафар хонанда бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар вилоят 263 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 203 муассисаи томактабии тобеи шуъбаҳои маориф, 13 муассисаи томактабии тобеи корхонаю ташкилот ва 47 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият доранд. Алҳол шумораи кӯдакони дар навбат истода 11423 нафарро ташкил медиҳанд.

Бо ибтикори Раиси вилоят соли равон 250 нафар омӯзгори пешқадам ва эҷодкору навовар, собиқадорони соҳа дар осоишгоҳи «Зумрад» - и шаҳри Исфара ва 300 нафар хонандаи ятиму бепарастор, ғолибони озмуну олимпиадаҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ бо истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд.

Дар соли хониши 2019 - 2020 муассисаҳои таълимии вилоят ба 660 нафар омӯзгор эҳтиёҷ дошта, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муассисаҳои таълимӣ мутахассисони ҷавон аз оғози моҳи августи соли равон ба ҷои корӣ ҳозир мегарданд ва ин муаммо аз байн меравад,- иброз дошт Осим Каримзода.

- Ҳамзамон, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 302 ҷои муқаррар гардида, 301 нафар ба квота соҳиб шуданд. Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз сабаби пайдо нагардидани довталаб як ҷой холӣ монд. Дар 204 маҳфили фаннии назди Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо 2 ҳазору 308 хонандагони болаёқат фаъолият мекунанд. Инчунин, дар назди Марказ 40 маҳфили маърифатӣ - фарҳангӣ бо ҷалби 435 нафар хонандаи боистеъдод ташкил шудааст.

Боиси тазаккур аст, ки дар шаш моҳи соли равон муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимии вилоят бо 846 компутер таъмин гардида, алҳол дар 1099 синфхонаи компутерӣ 17 ҳазору 914 компутер ва 2 ҳазору 725 принтер мавҷуд аст. Инчунин, дар ин давр 95 тахтаи электронӣ харида шуд, ки 61,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар вилоят 19 урдугоҳ - лагери беруназшаҳрӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора, даҳтои он дар тобеъияти шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва кумитаи вилоятии иттифоқҳои касабаи маориф ва илм қарор доранд.

Суолу ҷавоби рӯзноманигорон бо масъулини соҳа анҷомбахши нишасти матбуотӣ гардид.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh