Ҳалли масъала дар мавриди муносиб

Имрӯз фасли гармои тобистон аст. Сокинони кишвар аз имрӯз ба фасли зимистон омодагӣ мегиранд. Омодагӣ ба зимистон махсусан барои мунтазам бо гармӣ таъмин намудани хонандагону тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо, умуман дар соҳаи маориф дар кадом сатҳ қарор дорад?

Чӣ тавре дар Раёсати маорифи вилоят изҳор карданд, бобати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №117 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020», қарори Раиси вилояти Суғд аз 22 апрели соли 2019, №181 дар самти омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020 дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои муайянеро амалӣ мегардонанд. Fамхорӣ дар ҳаққи насли наврасу ҷавонон ба ояндаю гулгулшукуфии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Барои он ки ҷавонону наврасон дар синфхонаҳои гарму барҳаво таҳсил намоянд, омодагӣ дар ин самт аз имрӯз ҷараён дорад.

Чӣ хеле изҳор намудем, дар муассисаҳои таълимии вилоят аз давраи тирамоҳу зимистони соли гузашта, яъне соли 2018 - ум 910,4 тонна ангишт ва 721,1 метри мукааб ҳезум боқӣ монда, бобати захира намудани сӯзишворӣ ба муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят дар мавсими зимистонгузаронии солҳои 2019 – 2020 – ум 14 ҳазору 211,1 тонна ангишт, 7 ҳазору 27,8 метри мукааб ҳезум ва 7 ҳазору 170 литр сӯзишвории нафтӣ нақша муқаррар гардидааст.

Бобати эҳтиёҷоти шишабандии тирезаҳои биноҳои муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 6 ҳазору 220 метри мураббаъ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд зикр намуд, ки барои зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят 3 ҳазору 536 гармкунаки барқӣ, 14 ҳазору 263 печи аловӣ дар ҳолати корӣ омода карда мешавад. Инчунин, аз 512 дегхонаи гармдиҳӣ 321 адад ба фаъолият тайёранд.

Вобаста ба омӯзиши ҳолати воқеии рафти омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020 – ум гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, фаъолияташонро ҷоннок намуда истодаанд.

Маълум гардид, ки то 30 - юми июли соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 6068,1 тонна ангишт харида шудааст, ки 42,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Захираи ҳезум дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 2574,8 метри мукааб мебошад, ки 36,6 фоизи нақшаро дарбар мегирад.

Имрӯз масъулини Раёсати маорифи вилоят ҷараёни омодагии муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳоро бо фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020 таҳти назорат қарор дода, масъулин кӯшиш менамоянд, ки иҷрои нақшаи захираи ҳезум ва ангишт дар муҳлати пешбинишуда таъмин гардад.

Ҳамзамон, дар раванди иҷрои нақша онҳо ба сифати маҳсулоти ба анбор воридшаванда эътибори махсус дода истодаанд, то ки тирамоҳу зимистонро бемамониат паси сар намоянд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh