Пажӯҳиши бунёдӣ – талаби замон

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон нишасти матбуотии ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода бо намояндагони васоити ахбори омма оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2019 баргузор гардид.

Сараввал ректор мухтасар аз дастовардҳои донишгоҳ маълумот дода, қайд намуд, ки натиҷаҳои ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2019 ва омодагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи нав ба шумор меравад.

Ҳамчунин, ректори донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, молия ва қарзро падидаи муҳим ва дастоварди арзандаи муассисаи олии таълимии касбӣ дар нимсолаи аввали соли равон арзёбӣ намуд.

Теъдоди таълифоти рисола ва корҳои илмӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 аз 8 монография, 55 мақола дар маҷаллаҳои илмии аз тарафи КОА (ВАК) тасдиқшуда, 66 мақола дар конференсияҳои илмии байналмилалӣ, 104 мақола дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, 398 навиштаи илмӣ дар маҷмӯаи дохилидонишгоҳӣ иборат аст.

Натиҷаҳои паҷӯҳишот ва теъдоди ҳимояҳои рисолаҳои илмӣ дар ин давр 8 ададро ташкил медиҳад. Теъдоди ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар Шӯрои диссертатсионии назди ДДҲБСТ бошад, ба 7 адад баробар аст.

Иштироки донишҷӯёни донишгоҳ дар мусобиқаҳои варзишии вилоятию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ назаррас арзёбӣ гардид.

Дар радифи корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди факултети инноватсия ва телекоммуникатсия маркази тестӣ ташкил ёфта, бунёди толори варзишӣ ба итмом расида, гармхонаи макони омӯзиш ва таҷрибаомӯзӣ барои ихтисоси маркетинг ва агробизнес сохта шудааст.

Рӯзноманигорон вобаста ба сифати таълиму тарбия дар донишгоҳ, тарзу усули гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ ва талаботи он, вазъи моддиву техникии донишгоҳ суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Улуғбек МАХФИРАЛИЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh