Оғози сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд

Рӯзи 25 июн дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳр санги асос гузошта шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои суҳбат дар ҳузури аҳли маорифи шаҳр изҳор дошт, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят сохтмони даҳҳо мактабҳои нав идома дорад ва иншоотҳои сохташаванда марҳила ба марҳила ба истифода дода мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагии сохташаванда аз се ошёна иборат буда, барои таҳсили 280 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, лоиҳакаши он «Суғдшаҳрофар» мебошад. Корҳои сохтмониро бунёдкорони ширкати сохтмонии «Авитсена» ба анҷом мерасонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh