Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар ноҳияи Спитамен

24 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо ҷараёни сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 шинос гардид.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд шуда, тибқи лоиҳа аз се ошёна иборат аст. Бинои нав дорои 16 синфхона, озмоишгоҳу утоқҳои фаннӣ, ошхона ва толори варзишӣ буда, барои таҳсили 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ мешавад.

Тавре зимни шиносоии Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, айни замон 70 дарсади корҳои сохтмонии иншоот ба итмом расида, 53 нафар сохтмончиён машғули коранд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоӣ бо масъулин суҳбат намуда, ҷиҳати дар муҳлати пешбинишуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Маҳз натиҷаи чунин таваҷҷуҳу ғамхориҳост, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохтмони 25 мактаби нав ҷараён дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh