МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
- Details
- Published on Wednesday, 25 December 2013 17:44
28-уми марти соли 1955 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.
Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи №20-уми шаҳр гирифта, соли 1972 ба ИДПЛ ба номи С.М.Киров (ҳоло ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров) дохил шуд ва баъди хатми донишкада аз соли 1976 то соли 1979 дар Хона-музеи шоир Муҳиддин Аминзода ба ҳайси ходими илмӣ фаъолият бурдааст. Аз соли 1979, моҳи апрел дар идораи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” (ҳоло “Ҳақиқати Суғд” ) дар вазифаҳои чопгар, мухбир, тарҷумон, шореҳ, мудири шӯъба фаъолият мебарад.
Мӯъминова Рафоат солҳои 1979-1980 бо тавсияи идораи рӯзнома дар Шӯъбаи дарҷи санадҳои Президиуми Совети Олии СССР, дар шӯъбаи тоҷикистонӣ (шаҳри Маскав) ба сифати референт-тарҷумон кор кардааст.
Аз соли 1985 узви ИЖ Тоҷикистон аст. Давоми фаъолият наздик бист сол мудирии шӯъбаи кишоварзиро дар ӯҳда дошт ва баробари ин дар мавзӯъҳои муаммоҳои рӯзгори бонувон, аз ҳаёти занони барӯманди вилоят очеркҳо менавишт. Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бо Ифтихорномаи Кумитаи бонувон ва кор бо оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои Ҳукумати вилоят, Ҳукумати шаҳри Хуҷанд тақдиронида шудааст.