ОМОДАГӢ БА ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шароитҳоро барои супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ муҳайё кардааст. Дар ҳолати комёб гаштан дар имтиҳонҳо довталаб метавонад ба муассисаи таълимии дилхоҳ - донишгоҳу донишкада ва ё коллеҷ дохил шавад. Агарчанде омили комёбӣ дар роҳи донишҷӯйӣ донишу маҳорати арзанда доштан аст, аммо донистани шарту талаби имтиҳонсупорӣ, қоидаҳои он ва риояи ин шарту қоидаҳо низ дар ин маврид зарурат дорад.

Барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ омода шудани довталабон, истифода кардани онҳо аз хизматрасониҳои «Худро бисанҷ», ки Маркази миллии тестӣ тариқи онлайн дар сомонааш роҳандозӣ кардааст, ба манфиати кор хоҳад буд. Бо истифода аз хизматрасониҳо довталаб дараҷаи дониши худро санҷида, бо намунаи саволу масаъалаҳои барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пешбинишуда ва тарзи иҷрои тестҳои имтиҳон шинос мешавад ва барои ҳалли он кӯшиш менамояд.

Хушбахтона, имсол дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ навгоние ҷорӣ шуда, як қатор довталабонро хушнуд гардонд. Имсол ва солҳои баъдӣ низ қабули довталабоне, ки хатмкардагони синфи 9-уманд, ба муассисаҳои таълимии таҳсилот миёнаи касбӣ ба воситаи Марказ ба роҳ монда мешавад. Ин навгонӣ имконият медиҳад, ки довталабон ихтисосҳои муайянро аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ интихоб намоянд. Дар интихоби ихтисос дурбинонаю нуктасанҷона амал кардани довталабон шарти асосии қабулшавӣ аст, зеро саҳви онҳо дар интихоби ихтисос боиси пайомадҳои ногувор дар таҳсили минбаъдаашон хоҳад гашт.

Барои ин мо, аъзои Маркази миллии тестиро мебояд, ки ба довталабон моҳияти имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро ба пуррагӣ фаҳмонем, мафҳумҳои асосиро шарҳ диҳем ва ба онҳо раҳнамо бошем. Шурӯъ аз қайди расмии довталаб, кабинети инфиродӣ, комбинатсияи ихтисос, қисмҳои А, АБ - 9, Б, В, Г, қисми имтиҳон, озмуни тақсимот, пешноманависӣ, тест, хол, холи гузариши фаннӣ, шакли таҳсил ва интихоби дурусти ихтисос аз омилҳое ба ҳисоб мераванд, ки аз ҷониби омӯзгорон ба ҳар як довталаб ба пуррагӣ омӯзонида шавад.

Намунаи интихоби комбинатсияи ихтисосҳо дар гурӯҳҳо дар дастури иттилоотию методӣ, ки соли 2019 бо унвони «Роҳнамои довталаб» ба дасти довталабон расидааст, оварда шудааст. Онҳо бо дарназардошти муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил то 12 комбинатсияи ихтисосро интихоб карда метавонанд.

Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаро, ки довталаб ба шумор мераванд, мебояд аз омӯзгорони фаннӣ ва мутахассисон маслиҳат гирифта, ба имтиҳони дохилшавӣ омодагии ҷиддӣ бинанд, то касбу кори муайянеро соҳиб шуда, ба халқу Ватан хизмати арзанда намоянд.

Сарвар FОЗИЕВА,
муовини директор оид ба
таълими Гимназияи № 4, шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh