ИҶРОИ БАРНОМА -ТАҚОЗОИ ЗАМОН!

Дар даврони тараққиёти техника ва технология ҳар хонандаи мактабро мебояд кор бо компютерро омӯзад ва дар ин ҷода Раёсати маориф ва шӯъбаҳои он корро ҷоннок созанд. Ҳанӯз 11 декабри соли 2017 «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022» тасдиқ гардида буд, ки фаъолияти онро Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Раёсати маорифи вилоят назорат мекунад.

Дар вилоят 928 муассисаи таҳсилотӣ амал мекунад. Давоми се моҳ 267 компютер харидорӣ шуд. Алҳол хонандагони мактабҳои вилоят аз 17 ҳазору 429 компютер истифода мебаранд. Баробари ин 1039 адади он таъмирталаб аст. Аз рӯи нақшаи барнома то охири сол бояд теъдоди компютерҳо ба 2 ҳазору 886 расад.

Агар ба омор назар афканем, дар кадом сатҳ қарор доштани Барнома баръало эҳсос мешавад, нақшаи харидории компютер дар шаҳру навоҳии Деваштич, Гулистон, Бӯстон, Зафаробод, Мастчоҳ дар сатҳи паст қарор дошта, давоми се моҳ ягон адад дастрас нашудааст. Имрӯз барои амалишавии ҳар Барнома маблағ ҷудо мешавад. Сабаби сари вақт бо компютер таъмин накардани мактабҳои таҳсилоти умумиро мудирони маориф дар кофӣ набудани маблағ арзёбӣ карданд.

Насриддинзода Ҷамолиддин - мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Бӯстон:        

- Соли таҳсили 2018 - 2019 ба мактабҳои шаҳр 20 адад компютер харида шуд. Алҳол барои харидории компютер аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар назар аст, ки ба маблағи ҷудошуда моҳи август дар машварати августии омӯзгорон ба мактабҳои шаҳр компютер дастрас хоҳад шуд.

Абдуғаффор Аҳмадов - мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Гулистон:     

- Давоми се моҳи авввал аз рӯи Барномаи мазкур харидорӣ нашудани компютер, дар норасогии маблағ буд. Ҳоло бошад, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маблағ ҷудо шудаасту моҳи оянда 65 адад компютер харидорӣ ва ба мактабҳои шаҳр дастрас мегардад.     

Нуриддин Боқиев - мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ:

- Дар семоҳаи аввал бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 58 адад компютер ба соҳаи маориф харидорӣ карда шуд, ки ин 32 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Давоми сол бояд 175 компютер харида шавад.

Мадина Обидова – директори маркази технологияи информатсионии ноҳияи Деваштич:

- Давоми семоҳаи аввали соли равон 3 адад компютер харидорӣ карда шуд. То охири сол нақшаро ба пуррагӣ иҷро хоҳем кард.   

Дилафрӯз Ниёзқулова - мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Зафаробод:

- Сабаби то ба имрӯз ба мактабҳои таҳсилотӣ харидорӣ накардани компютер дар набудани маблағ аст. Аксар вақт маблағе, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷудо мешавад, дар семоҳаи дуюм дастрас мегардад. Умед дорем, ки дар семоҳаи дуюм компютер ба пуррагӣ харида мешавад.           

Аз гуфти мудирони шӯъбаҳои соҳаи маорифи шаҳр ноҳияҳо бармеояд, ки иҷроиши Барнома ба таври дуруст ба роҳ монда шудаасту масъулин дар ин ҷода пешсаф ҳастанд ва рӯзҳои наздик масъалаи харидории компютерҳо ба пуррагӣ  ҳалли худро меёбад. Вале, шубҳаовар будани маълумотҳо касро ба андеша водор месозад, ки чаро имрӯз нисбат ба соҳаи маориф, алалхусус дар самти иҷроиши Барнома хунукназарӣ зоҳир мешавад. Чунончӣ, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ ва директори маркази технологияи информатсионии ноҳияи Деваштич дар харидории компютер маълумоти бардурӯғро пеш оварданд, зеро бино ба иттилои Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Раёсати маорифи вилоят давоми се моҳ ягон адад компютер харида нашудааст! Ҳадаф аз пешниҳоди маълумоти бардурӯғ дар чист?!

Баробари ин дар самти иҷроиши Барнома, алалусус дар бобати таъминот бо компютер пешравиҳо дида мешавад. Тавре директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия Юсуфҷон Домуллоҷонов қайд кард, шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Панҷакент ва Хуҷанд дар иҷроиши барномаи компютеркунонӣ пешсаф ҳастанд. Ҳарчанд дар умум барнома 99,3 фоиз иҷро шуда бошад ҳам, аммо дар самти компютеркунонӣ ҳамагӣ 9,3 фоизро ташкил медиҳад. Сабаби таъминоти нокифояи компютер дар кофӣ набудани маблағ арзёбӣ мегардад!  

И. Расулов - донишҷӯ аз деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ:   

- Соли сипарӣ ба макотиби олӣ дохил шудам ва дар ин ҷо аз тараққиёти техникаву тенологияи муосир огаҳ гаштам. Ростӣ, вақте дар мактаби миёна таҳсил доштам, аз дарси технологияи информатсионӣ кам бархурдор мешудам, зеро омӯзгор барои наздикӣ кардан ба компютер иҷозат намедод. Танҳо дониши назариявӣ доштему дар амал худро санҷидан ғайриимкон буд. Ҳоло додари хурдиам дар он ҷо таҳсил мекунад ва мегӯяд, ки хонандагон аз компютерҳои пештара истифода мебаранду то ҳол компютери нави ҳозиразамон ба чашм намерасад.             

Ин гуфтаҳо касро ба андеша водор месозанд ва дар ин самт низ нофаҳмиҳо вуҷуд дорад. Шояд масъулин дар пешниҳоди иттилоот ба саҳлангорӣ роҳ додаву шумораи компютерҳои ба ном «давраи бобоӣ» - ро пешниҳод кардаанд!   

- Имрӯз дар самти технологияи информатсионӣ муаммои асосӣ нарасидани мутахассис аст, алалхусус барои маркази мазкур низ нарасидани соҳибкасб нигаронкунанда мебошад. Барои як марказе, ки барномаи мазкурро роҳбарӣ мекунад ва дар иҷроиши он корҳои зиёдеро ба сомон мерасонад, се корманд басанда нест, - гуфт Юсуфҷон Домуллоҷонов.

Боиси қайд аст, ки дар Барномаи мазкур оид ба мунтазам таҷҳизонидани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо компютер ва таъсиси синфхонаҳои нави компютерӣ, ҷудо намудани маблағ барои татбиқи барнома, саривақт аз эътибор соқит кардани маҷмӯи таҷҳизоти техникии кӯҳна ва корношоям ва ғайраҳо омадааст, ки имрӯз сатҳи иҷроиши он ба талабот ҷавобгӯ нест. Хонандагони муассисаҳои таҳсилотӣ то ҳол дар синфхонаҳо компютерҳои кӯҳнаро истифода мебаранд. Ин ҳама аз беаҳамиятии масъулин бармеояд. Умед дорем, ки моҳҳои наздик муаммоҳои ҷойдошта ҳалли худро меёбанду хонандагон аз компютерҳои наву замонавӣ истифода мебаранд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh