Ярмаркаи «Интихоби мутахассиси арзанда»

Фароҳам овардани ташкили ҷойҳои нави корӣ, дастгирии бозори меҳнат ва ҷалби шумораи ҳарчӣ зиёди бекорон аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати кишвар ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон зикр медоранд, ки барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бояд мутахассисони сатҳи касбияташон баланд омода шаванд. Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба омодасозии мутахассисони соҳаи муҳандисӣ, техникаву технология бештар аст. Иқтидори истеҳсолии кишвар дар сурате пеш меравад, ки ин соҳаҳо рушд ёбанд.

Бо ин мақсад ҳамасола дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои кории холии «Интихоби мутахассиси арзанда» доир мегардад.

Дар саҳни донишкада намоиши дастоварду ихтирооти устодону донишҷӯён, ҳамчунин имконият ва афзалияти 60 коргоҳи вилоят тавассути видеоролик, варақаҳо ба маъраз гузошта шуданд.

Муовини директор оид ба таълим Хуршед Мақсудов баён дошт, ки роҳбарияти донишкада сол аз сол вазъи пояи моддиву техникии худро беҳтар менамояд.

Зимни вохӯриҳо бо роҳбарони соҳаҳои кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, маҳсулоти хӯрока, энергетика, сохтмон ва меъморӣ мушкиливу муаммоҳо гуфта шуд. Натиҷаи ҳамкориҳо буд, ки донишкада назди ташкилоту муассисаҳои корхонаҳои муштараки “Ҷавонӣ”, “САТН”, “Тиниал”, “Суғдшаҳрофар - М”, бонкҳои “Арванд”, “Эсхата”, шабакаҳои барқии вилояти Суғд, филиали суғдии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ҷамъияти саҳҳомии “АРЗ - 4” ва “Ассотсиатсияи АББАТ” кафедраҳои сайёри худро таъсис дод.

Чорабинии мазкур низ имконият медиҳад, ки хатмкунандагон тавассути интихоби коргоҳ роҳи худро дар зиндагӣ ҷӯё шаванд.

Дар баромадҳои Тӯра Атамов - директори шабакаҳои барқии Суғд, Нарзулло Дадобоев - муовини раиси раёсати Ассотсиатсияи “Кедр”, Зафар Охунов - директори генералии ширкати сохтмонии “Тиниал” зикр шуд, ки баргузории чунин чорабинӣ имконият медиҳад, ки ташкилоту коргоҳҳо мутахассисони ояндаро интихоб намоянд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,
рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh