Суғдиён ғолиб омаданд

Даври ҷумҳуриявии озмуни «Техникони наврас» таҳти шиори «Мо навоварони асри ХХI» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осоимӣ  бо иштироки 200 нафар ғолиби даври вилоятӣ доир гардид.

Шарафи вилоятро дар озмун 18 нафар хонанда ҳимоя карданд. Озмун аз рӯи 4 шарт аз ҷумла «Ихтироъкорӣ», «Барномасозӣ», энергия ва технологияҳои каммасрафи энергия ва роботтехника доир шуда, Яна Багирова – хонандаи синфи 10-уми Гимназияи ба номи Гёте-и шаҳри Хуҷанд (аз бахши «Энергия ва технологияҳои каммасрафи энергия»), Парвиз Очилзода – хонандаи синфи 10-уми Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (аз бахши «Роботтехника»), Ҷамшед Назаров – хонандаи синфи 9-уми МТМУ №2-и шаҳри Хуҷанд (аз бахши «Ихтироъкорӣ»), Иқболхӯҷа Темурхӯҷаев – хонандаи синфи 7-уми МТУҒ  «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд (аз бахши «Барномасозӣ»), ҷойи 1- ум ва 2 нафар хонанда Абдулатиф Ҳакимов – хонандаи синфи 9-уми МТМУ № 2-и шаҳри Хуҷанд (аз бахши ««Роботтехника»), Дунё Ҷалилзода – хонандаи синфи 11-и Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон (аз бахши «Барномасозӣ») ҷои дуюмро ба даст оварданд.

Дар маҷмуъ дастаи вилояти Суғд аз ҳисоби ҷойҳои ифтихории ба дастоварда дар миқёси ҷумҳурӣ сазовори ҷойи 1- ум гардид.

Лозим ба таъкид аст, ки 6 нафар хонандаи вилояти Суғд, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур ғолибиятро ба даст оварданд, моҳи май дар даври байналмилалии озмун, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, шарафи ҷумҳурии моро ҳимоя хоҳанд кард. 

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Add comment


Security code
Refresh