Таҷрибаомӯзӣ: Тақвият ба малакаи касбӣ

Таҷрибаомӯзӣ барои мустаҳкамии донишҳои назариявии азбаркардаи донишҷӯён дар раванди таҳсил ва ба даст овардани маҳорату малакаҳои касбӣ аз рӯи ихтисоси интихобкардаи онҳо равона мешавад. Ин раванд қисми асосии ҷараёни таълим ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани маҳорати касб дар асоси омӯзиши таҷрибаи кории фаъолияти муассиса, ташкилот ва корхона мусоидат мекунад.

Таҷрибаомӯзон дар куҷо таҷриба мегиранд?

Дар асоси дастурамали Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомнома раванди таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳ бо равиши нав аз санаи 4 – уми феврал то 16 – уми марти соли 2019 ба роҳ монда шудааст. Алҳол мувофиқи нақшаҳои таълимӣ дар донишгоҳ 11 намуди таҷрибаомӯзӣ (таҷрибаомӯзии таълимӣ, таълимӣ - саҳроӣ, таълимӣ - лабораторӣ, пленерӣ, этнографӣ, рӯзноманигорӣ, фолклоршиносӣ, шевашиносӣ, археологӣ, истеҳсолӣ, омӯзгорӣ) амал мекунад.

Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар ташкилоту корҳонаҳои давлатӣ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ донишҳои назариявии хешро мукаммал намуда, нозукиҳои касби интихобкардаашонро меомӯзанд. Тибқи иттилои мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Расул Бобоев имрӯз дар асоси шартномаи тарафайни донишгоҳ бо Раёсати маорифи вилоят донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он таҷрибаомӯзии худро гузаронида истодаанд.

Оё донишҷӯён масъулиятшиносанд?

Дар пойгоҳҳои таҷрибаомӯзии донишгоҳ 1442 нафар донишҷӯ ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ҷалб гардидаанд. Барои аз наздик ошноӣ пайдо намудан рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро дар чанде аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Хуҷанд аз назар гузаронидем.

Ба гуфти Эҳсонбой Исоқов - роҳбари таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултаи физика ва техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз худ кардани нозукиҳои касб дар рафти таҷрибаомӯзӣ аз малака ва истеъдоди донишҷӯ вобастагии калон дорад. Агар донишҷӯ дар вақти таҷрибаомӯзӣ ба хотири пур намудани дафтарчаи таҷрибавии худ ба мактаб ояд, хатои бузург мекунад. Зеро дар ин марҳала донишҷӯ бояд ҳамаи он нозукиҳои мавҷудаи касби интихобнамудаашро омӯхта, барои ҳамчун мутахассис фаъолият намудан кӯшиш намояд. Зиёда аз ин, роҳбарияти ин ё он муассиса низ шахси масъулиятнокро ҳамчун роҳбари таҷрибаомӯзон вобаста намоянд, - мегӯяд Эҳсонбой Исоқов.

Мавсуф дар идомаи суханаш гуфт, ки имрӯза донишҷӯёни таҷрибаомӯз бештар масъулиятшиносанд. Чунки 10 нафаре, ки ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 – и шаҳр омадаанд, дар омӯзиши нозукиҳои касби интихобкардаашон ҷидду ҷаҳд менамоянд. Онҳо мехоҳанд, ҳамеша барои хонандагон дарс гузаранд. Тибқи мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки таҷрибаомӯзони имсола нисбат ба дигар солҳо масъулиятшиностаранд.

Илова бар ин гуфтаҳо қайд кардан ҷоиз аст, ки бо вуҷуди мавсимӣ сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ солҳои пеш, мутаассифона, дониши назариявии донишҷӯён дар ин марҳала ва баъд аз хатми донишгоҳ низ кифоя набуд. Масъалаи мазкур ҳамеша дар байни устодони донишгоҳ ҳамчун муаммои баҳсталаб боқӣ мемонд. Дар навбати дигар, гоҳе аз паст будани сатҳи дониши тахассусии донишҷӯён ва беаҳамиятии баъзе аз таҷрибаомӯзон нисбат ба таҷрибаомӯзӣ роҳбарони бархе аз корхона ва муассисаҳои таълимӣ изҳори нигаронӣ мекарданд, - гуфт дотсенти факултети физикаи донишгоҳи мазкур Эҳсонбой Исоқов.

Дар ин масъала омӯзгори фанни физикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 – и шаҳр Марҳабо Сулаймонова зикр намуд, таҷрибаомӯзоне, ки имрӯз ба ман вобаста шудаанд, шавқу рағбати зиёд доранд. Онҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки мустақилона дарс гузаранд.

Бояд гуфт, ки ин таҷрибаомӯзон имрӯз ҳамчун омӯзгори оянда метавонанд, пас аз хатми донишгоҳ мустақилона ва дилпурона аз пайи таълиму тарбияи насли наврас гарданд.

“Дарди дил” – и таҷрибаомӯз

Ҳангоми ба муассисаи таълимии мазкур ворид гардидан, бо таҷрибаомӯзон ҳамсуҳбат шудем. Ба гуфти Аъзам Валиев хонандагон имрӯз таҷрибаомӯзро нодида гирифта, дар рафти дарс ба ҳар гуна амалҳо машғул мегарданд. Ҳатто дар баробари сухан намудан суханҳои ҷавобии хонандагон омодааст.

Ин ҳолатро худ мушоҳида намудем. Ҳангоми ба дарси яке аз таҷибаомӯзон ҳамроҳи роҳбарашон ворид гардидан, маълум шуд, ки таҷрибаомӯз дар тахтаи синф паҳлӯҳои дарсро менавишту баъзе аз толибилмон гӯё дар кӯча ва ё бозор нишаста бошанд, байни ҳам сухан гуфта, ҷиддӣ ва бо диққат гӯш намекарданд. Ҳарчанд ки омӯзгори ин мактаб ба онҳо барои нигоҳ доштани оромӣ сухан намояд ҳам боз чунин ҳолат идома меёфт.

Аммо тарзи гузаштани дарси таҷрибаомӯзон барои хонандагони доништалаб қобили қабул буда, инро омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ низ тасдиқ кардаанд.

Таҷрибаомӯзи дигар Мадина Ҳомидова мегӯяд, ки мутаассифона, дониши бархе аз хонандагон паст аст. Ҳарчанд ки мавзӯъро осон гузарем ҳам дарк намуданашон бисёр мушкил аст.

- Омӯзгорони муассиса бошанд кӯшиш мекунанд, барои мо ҳамаи он донише, ки доранд, сарф намуда, нозукиҳои дарсгузариро омӯзанд. Раванди таҷрибаомӯзии мо, донишҷӯён ҳамроҳи устодон хуб буда, барои ба хонандагон омӯзонидани мавзӯъҳои нав кӯшиш намуда истодаем, - иброз намуданд таҷрибаомӯзон.

Таҷрибаомӯзони“Ҳақиқати Суғд”

Ба идораи рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” низ донишҷӯёни шуъбаи рӯзноманигории донишгоҳ барои таҷрибаомӯзӣ омаданд. Дар рӯзҳои аввал бо фаъолияти редаксия ошно гардиданд. Пас аз чанд муддат матлабҳои таҷрибаомӯзон дар саҳифаи рӯзнома дарҷ гардида, онҳоро хушҳол намуд ва барои навиштани дигар мавзӯъҳои муҳим саргарми кор ҳастанд.

Ба гуфти Сайидмухтори Сайиданвар - таҷрибаомӯзи “Ҳақиқати Суғд” дар ин марҳала бояд омӯхт, на балки ҳаросида чизҳои надонистаро напурсидан лозим нест. Аз устодони соҳибтаҷриба сабақ омӯхта, таҷрибаи онҳоро омӯхтан лозим аст.

Мо тайи чанд муддат нозукиҳои навиштани хабару мақолаҳоро аз рӯзноманигорони нашрияи мазкур омӯхта истодаем. Воқеан гуфтан лозим меояд, ки ин нафарон ҳамеша кӯшиш мекунанд, барои мо донишҷӯён омӯзонанд. Ҳарчанд саргарми кор бошанд ҳам бе ягон мушкилот ба саволҳои мо посух гуфта, роҳу равиш ва тарзи инъикоси ягон матлабро нишон медиҳанд, - иброз намуд С. Сайиданвар.

- Таҷрибаомӯзиро танҳо ба худи донишҷӯ вогузоштан кори нодуруст аст. Тартиби гузарондани таҷрибаи истеҳсолии донишҷӯён бояд бо ҳамроҳии роҳбаре, ки дар ташкилот интихоб карда мешавад, ба роҳ монда шавад. Зеро онҳо донишҷӯ буда, аз фаъолияти ин ё он муассиса хуб аз нозукиҳои касби интихобкарда ба пуррагӣ огоҳ нестанд, - иброз намуд Сурайё Ҳакимова роҳбари таҷрибаомӯзони рӯзномаи мазкур.

Инчунин, мавсуф илова намуд, ки дар ин марҳала бар замми ин донишҷӯ метавонад бисёр чизҳои муҳимро аз худ намуда, онро дар фаъолияти ояндаи касбии худ истифода барад. Дар ин раванд донишҷӯ бояд аз хато намудан наҳаросад, зеро ӯ дар марҳалаи омӯзиш қарор дорад.

- Бояд аз кормандони соҳибтаҷриба бештар нозукиҳои корро пурсон шаванд. Танҳо дар таҷрибаомӯзӣ бо истифода аз имкониятҳои васеи фароҳамшуда, бо ҳисси баланди масъулият ва муносибати ҷиддӣ ба кору касб метавон дар пешрафти ҷомеаи навин саҳми бориз гузошт, - илова намуд С. Ҳакимова.

Таҷрибаомӯзии таълимӣ - истеҳсолии донишҷӯён яке аз муҳимтарин қисмҳои омода намудани мутахассисони баландихтисос ба шумор рафта, барои таҳкими фаъолияти касбӣ мусоидат менамояд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh