Дастгирии дастовардҳои насли фардосози миллат
- Details
- Published on Tuesday, 20 November 2018 12:13
Ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”
19 ноябри соли 2018 дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - и маркази вилоят ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Абдуллозода баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ҷавонони саодатманди диёр, устодону муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи умумии вилоят ва аҳли зиёи вилоят иштирок намуданд.
Дар чорабинии мутантан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дастгирии ҷавонон ва ҷамхорӣ нисбати онҳо дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ҷойгоҳи муҳимро касб карда, Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хоса зоҳир менамояд.
- Дар ин айёми пурсафо ҳамаи мо дар рӯзҳое қарор дорем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар мусоидат хоҳад кард, оҷоз бахшиданд, - зикр дошт Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода.
- Дар робита ба ин, ҳар як сокини кишвар, бахусус Шумо ҷавонони ояндасозро зарур аст, ки бо дарки масъулияти бузурги хеш сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҷонибдорӣ намуда, дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар фаъолона ширкат намоед.
Ҳамзамон, бояд зикр кард, ки ҳар як мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон бо пешниҳоди як падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб ба анҷом мерасад. Аз ҷумла, таъсис ва роҳандозӣ гардидани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ иқдоми наҷиб ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Роҳбари муаззами мамлакат маҳсуб меёбанд, - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар сатҳи ҷумҳурӣ ва вилоят озмуну олимпиадаҳои анъанавии фаннии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор шуда истодааст, ки даҳҳо донишҷӯёну хонандагон дар ин озмунҳои бонуфуз ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.
Яке аз натиҷаҳои назаррас ин буд, ки имрӯз 95 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи махсуси вилоят ҷолибони озмуни бонуфузи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон таъкид дошт, ки Шумо - ҷавонони бомаърифат, ки имрӯз ба номи бошарафи гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидаед, ҷамхориҳои давлату Ҳукумати ҷумҳуриро эҳсос намуда, рисолати аслии омӯзиши илму дониш, муборизаи оштинопазир бурдан бар зидди ҳама гуна зуҳуроти хатарбори экстремизм ва терроризмро дар шароити кунунӣ ба хубӣ дарк менамоед, барои рушду нумӯъ, суботу оромӣ, эҳтироми арзишҳо ва муқаддасоти кишвар, ҳифзу гиромидошти дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ваҳдати андешаю амали сокинони кишвари азизамон Тоҷикистони азиз пайваста талош меварзед.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Абдуллозода низ суханронӣ намуда, аз нақши шоистаи ҷавонон дар ҷомеаи муосир, дастгириҳои беназири Пешвои миллат ва татбиқи Барномаҳо ва Стратегияҳои соҳавӣ ҳарф зад.
Мавсуф таъкид дошт, ки ҷавонони ватандӯсти диёр чун ворисони арзандаи ниёгони шарафманди хеш баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз, садоқатмандона хидмат намуда, бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ ва варзишӣ ҳамчун намояндаи ҳақиқии насли нави фардосози тоҷик барои афзоишу таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани азизу маҳбуби хеш саҳми муносиб хоҳанд гузошт.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Абдуллозода ба ҷавонони боистеъдод стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим доштанд.
Дар фарҷом барномаи рангини фарҳангӣ ба аҳли ҳамоиш пешниҳод гардид, ки муҳтавои он саршор аз мавзуъҳои ватандeстӣ, ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дунёи рангини ҷавонӣ буд ва мақбули ҳамагон гашт.
«Ҳақиқати Суғд»