Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони маркази саломатӣ ва муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Деваштич

Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич сохтмони як зумра иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дорад.

13 ноябри соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ноҳияи Деваштич сафар намуд ва рафти корҳои сохтмониро мавриди назар қарор дод.

Раҷаббой Аҳмадзода нахуст дар Ҷамоати деҳоти Яхтан бо рафти  таъмири бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 ва сохтмони боғчаи бачагонаву бунгоҳи тиббӣ шинос гардида, ҷиҳати бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Ёдовар бояд шуд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 аз зумраи иншоотест, ки солҳои 80-уми асри гузашта сохта шудааст. Бинои таълимӣ дорои 22 синфхона буда, аз соли 2003 инҷониб таъмир нагардида буд. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо ибтикори роҳбарияти вилоят бинои муассисаи таълимӣ ба таъмиру навсозӣ фаро гирифта шуд. Фармоишгари корҳо Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд мебошад ва тавре зимни боздид аён гардид то имрӯз 35 дарсади корҳои навсозӣ ба анҷом расонида шудааст.

Бинои нави муассисаи томактабии ҷамоат барои қабули 240 нафар дӯстрӯякон пешбинӣ гардида, он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот тибқи нақша ҷараён дошта, то имрӯз 40 фоизи корҳо ба анҷом расонида шудааст.

Имрӯзҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳия беш аз 16 ҳазор нафар умр ба сар мебаранд ва бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар ҷамоат маркази нави саломатӣ бо 8 ҳуҷраи корӣ ба истифода дода мешавад. Дар назар аст, ки бо ифтитоҳи марказ вазъи хизматрасонии тиббӣ дар ҷамоат беҳтар шуда, то 10 нафар кормандони соҳаи тиб бо ҷойи корӣ таъмин шаванд. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд мебошад.

Раиси вилоят ҳамзамон ба рафти таъмиру мумфаршкунии роҳи даромадгоҳи ноҳия то шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дарозии ин роҳ 16,4 километр, паҳноияш 8 - 10 метрро ташкил медиҳад ва он аз ҷониби Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 25 миллион сомонӣ пурра азнавсозӣ хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh