«Консититутсия орад бахту саодат»
- Details
- Published on Thursday, 08 November 2018 15:53
Тибқи нақшаи кории Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи « Конститутсия орад бахту саодат» бо аъзои маҳфили Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят ва шаҳри Бӯстон, омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимӣ иштирок карданд. Мизи мудаввар бо шеърхонии хонандагон оғоз шуда, онҳо дар бораи таърихи қабули Конститутсия дар давраи ИҶШС ва соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд. Ҳамчунин, панду андарзҳои муттафаккирони тоҷик илҳомбахши чорабинӣ гардид.
Хонадагон инчунин оид ба аҳамияти омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, бо суруди умумӣ дар васфи Тоҷикистон ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшиданд.
Абдусабур Абдуваҳҳобов