Шукӯҳи давлати мо то абад бод!
- Details
- Published on Monday, 29 October 2018 10:23
Ман соли равон Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуровро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик хатм кардам. Басо саодатмандам, ки фаъолияти омӯзгориамро дар ин макони илму маърифати таърихи 100-сола доштаву бузургони зиёдеро тарбия намуда шурӯъ намудам.
Президенти мамлакатамон дар дили мо ҳамчун Сарвари муаззами ободкор маскан гирифтанд, зеро бо такя ба мардуми сарбаланду меҳнатдӯст сарзамини тоҷиконро ба биҳишти ҳақиқии рӯйи замин табдил доданд.
Мо - омӯзгорон, дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллатамонро, ки дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба муносибати Рӯзи дониш баён дошта буданд, сармашқи кори худ намуда, ваъда медиҳем, ки насли наврасро бо муҳаббату садоқат, меҳрубонию накӯкорӣ ва дар рӯҳияи эҳтиром ба муқаддасоти Ватани азизамон тарбия менамоем.
Аз ин иқдоми маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат баҳри аз нав сохтани бинои таълимии гимназия барои 1280 нафар хонанда мо - кулли омӯзгорон миннатдор буда, минбаъд низ саъйу талош меварзем, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми босазо гузорем.
Мадинахон РАҲМОНОВА,
омӯзгори Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд