Маризии ҷомеаи муосир
- Details
- Published on Friday, 26 October 2018 11:03
Сулҳу субот, осудагӣ, умеди устувор ба зиндагии имрӯз ва оянда аз орзуҳои аслӣ ва ҳамешагии инсон ба ҳисоб мераванд. Имрӯз бисёр давлатҳое ҳастанд, ки ташнаи ин неъматҳо мебошанду ба умеди ба даст овардани озодиву истиқлолият мубориза мебаранд.
Хушбахтона, дар Тоҷикистон имрӯз сулҳу оромӣ танинандоз мебошад. Аммо бархе аз «сиёсатмадорони кӯчагӣ»-и миллати тоҷик ин ҳамаро дида буғз мегиранд, ки Муҳиддин Кабирӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад. Ӯ зархариди абарқудратони давлати хориҷ гашта, имрӯз Ватан-Модари худро ба доллару еврои хориҷӣ иваз намуд. Фаромӯш кард, ки дар куҷо тавлид шудааст, хуни нофаш дар куҷо рехтааст. Кабирӣ ва ҳаммаслакони вай дар ин дунё ба ғайр аз пулу мол, ки он ҳам фаношаванда аст, чизи арзишманде надоранд. Роҳгумзада намудани ҷавонон ва наврасон, ки акнун ба дарки ҳаёту зиндагӣ сарфаҳм рафта истодаанд магар амали тарбиявии онҳост? Магар онҳо вазифаи имонии худро, ки тарбият ва ба роҳи рости дини мубини Ислом равона намудани ҷавонону наврасон мебошад, бо масъулияти том ба иҷро расонида истодаанд? Чунин мепиндорем, ки не.
Имрӯз ҷавонони моро мебояд, ки дарки ин ҳамаро намуда, ба доми фиреб наафтанд ва ба идеологияи чунин афрод дода нашуда, дар зиндагӣ баҳри шукуфоии ҳаёти хеш қадамҳои устувор ва барҷо гузоранд. Шукри ободиву зебоӣ дар кишвар карда, соҳиби дониш ва илми дунявӣ гарданд. Зеро ояндаи Тоҷикистон дар дасти онҳост ва вазифаи басо пурмасъулиятро дар зиммаи хеш доранд.
Мавлудахон Порсоева,
омӯзгори Коллеҷи тиббии
шаҳри Хуҷанд