Идомаи иқдомҳои ҷадиди пурвусъат
- Details
- Published on Friday, 19 October 2018 15:30
Конфронси байниминтақавӣ
Санаҳои 18 - 19 октябри соли равон дар шаҳри Панҷакент конфронси байниминтақавии “Рушди минтақаҳо ва таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон” баргузор гардид, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Панҷакент, олимону ҳунармандон ва меҳмонон аз Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон ширкат варзиданд.
Меҳмононро дар гузаргоҳи наздисарҳадии «Саразм» намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Баъдан иштирокчиёни конфронс аз Мақбараи асосгузори адабиёти классикии тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Маҷмааи фарҳангӣ - эҷодии ба номи Кохи Лоиқ Шералӣ, Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихиву кишваршиносӣ боздид намуда, дар намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ширкат варзиданд.
Дар кори конфронси байниминтақавии “Рушди минтақаҳо ва таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон” намояндагони соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии ин ду давлати бо ҳам дӯст ва бародар, аҳли зиё, ҳунармандон ва соҳибкорон табодули афкор намуда, бобати рушду тавсеаи муносибатҳои судманд фикру андешаҳои худро баён доштанд.
Конфронс бо иштироки ҳунармандони ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ҷамъбаст гардид.
Боиси тазаккур аст, ки чорабинии мазкур дар доираи Созишномаҳои ҳамкорӣ, ки бо ибтикори Сарварони ин ду кишвари ҳамсоя ва бо ҳам дӯст ба тасвиб расида буданд, амалӣ гардида, ба тавсеаи муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ мусоидатгар аст.
Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»