Иғвогарии иттилоотӣ ба умеди зиндагии хуб дар ғариб
- Details
- Published on Friday, 19 October 2018 09:33
Барномаи видеоии яке аз иғвогарони созмони ифротии “Гуруҳи 24” Нуриддин Ризоиро, ки таҳти унвони “Вақте аз мардум пурсида мешавад, ки тӯли 27 сол ба давлат чӣ додед?” нашр шуд, мутолиа дидам. Ин иғвогар, ки доиман бо шева ва лаҳҷаи дурушт суҳбат мекунад, бо силсиладурӯғҳои худ мехоҳад корбарони шабакаҳои иҷтимоиро гумроҳ кунад ва дар қатори соири қаҳрамонони нохунакии тоҷик садои адолат дардиҳад.
Нуриддин Ризоӣ суханронии дар Бадахшон ироа доштаи Сарвари давлатро мавриди писханд қарор дода, дар ин замина хеле лоф задааст. Дар робита ба лофзаниҳои ахири Ризоӣ чанд мулоҳизаро хидмати шумо манзур медорам:
1.Нуриддин Ризоӣ, аслан бо далелҳои пучу бемаънӣ атрофи мулоқоти Сарвари давлат бо мардуми Бадахшон сухан ба миён овардааст. Гап сари ин аст, ки Сарвари давлат интиқодоти худро ба мақомоти марбутаи давлатӣ, бар асоси факту далелҳои муътамад ироа доштанд ва дар ин кор ҳеҷ ҷойи гилаву шикоят нест, зеро ки баъзе сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ дар минтақа ба таври дуруст монеи ҷинояту ҷинояткорӣ нашуданд. Аз ин ҷост, ки Роҳбари кишвар масъаларо ҷиддӣ пайгирӣ намуда, ба фарёди мардуми шаҳри Хоруғи Бадахшон, ки дар инҳисори ҷинояткорон ба сар мебаранд, як навъ фарёдрасӣ кардаанд. Ин корро ҳар як раҳбар дар дилхоҳ вазъият анҷом медиҳад ва ба зуҳури бедодгарию ҷинояткорӣ вокуниш нишон медиҳад. Агар чунин накунад, вой бар ҳоли давлату давлатдорӣ. Албатта, барои Ризоӣ ва ризоиён дар ҳама ҳолат дар баробари мушкилоти мавҷуда муҷрим Роҳбар аст ва онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз нохун чирк бикобанд ва саранҷом раҳбариятро сиёҳ кунанд.
2. Сахт сухан кардани Сарвари давлат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи шаҳри Хоруғ маънои бераҳмиро надорад ва далолат бар он мекунад, ки дар минтақа, ба иллати хидмати хирсонаи баъзе мансабдорони сохторҳои марбутаи давлатӣ кор аз кор гузаштааст. Дигар ин ки ҳадафи интиқоди Сарвари давлат мардум набуд, балки раҳбарияти мақомотро мавриди интиқод қарор дода, аз онҳо иҷро кардани талаботро тақозо намуданд. Инро “бо ғазабу таҳдид сухан кардан” унвон додани Ризоӣ ҷуз иғво чизи дигаре нест.
3.Ризоӣ ба тори эҳсосоти мардуми Бадахшон задан мехоҳад ва онҳоро ба зидди давлат даъват мекунад. Дар ҳоле ки Сарвари давлат мардумро такягоҳи асосии давлат донистаанд. Ҷумлаи “шумо дар 27 сол ба давлат чӣ додед? ”, ки Ризоӣ онро дастак карда, худнамоӣ мекунад, ба халқ нигаронида нашудааст, балки доираи маҳдуди масъулини давлатӣ ва ҳукуматии вилоятро дар назар гирифтааст. Воқеан, ин гуруҳ аз давлатмадорони маҳаллӣ, ки ташаббус нишон намедиҳанд ва ҳамеша “обро лой карда, моҳӣ медоранд”, бояд мавриди интиқоди шадиди Сарвари давлат қарор мегирифтанд. То ба кай дар бепарвофалакӣ ба сар мебарем ва дар ободии диёр намекӯшем? То ба кай худ ва мардумро мефиребем? То ба кай сиёҳро сафед ва сафедро сиёҳ мегӯем? Ин суолотеанд, ки Сарвари давлат аз ҳар давлатмадори маҳаллӣ пурсид ва таъбири “дар муддати 27 сол ба давлат чӣ додед?”-ро истифода бурд. Наход дар муддати солҳо мақомоти давлатӣ ва раҳбарияти он аз як гиребон сар бароварда, муқобили ҷинояту ҷинояткорӣ дар минтақа қад алам накунанд? Аз ин дида беэътиноӣ ба давлат ва кори давлатӣ буда метавонад? Не ва ҳазорон маротиба не! Гузашта аз ин, мардуми Бадахшон Президентро эҳтиром мекунанд ва медонанд, ки дар шаҳри Хоруғ чӣ касоне вазъро ноором месозанд ва ба риёкорию найрангбозӣ машғул мешаванд.
4.Президент ҳар зарраи хоки Бадахшонро, ки сарзамини поки ниёкон аст, дӯст медоранд ва аз ҳисоби лаълу гуҳари Бадахшон сарват наандӯхтаанд. Инро Ризоӣ медонад, аммо барои гумроҳ кардан ва парокандани тухми кинаву адоват миёни мардуми Бадахшон неру масраф мекунад, гаппаронӣ мекунад, васвасаю дасиса ҷӯр менамояд ва саранҷом доми найрангу иғво мегустурад.
5.Ризои иттиҳоми хиёнатро ба Ҳукумат бешармона мезанад, дар сурате ки аз хориҷ истода, ҷониби давлат сангандозӣ мекунад. Агар қудрату неруи инсонӣ дошта бошед, ҳадди ақал коре дар хориҷ барои ватанатон анҷом бидиҳед. Охир, Президент симои миллат ва давлат аст, ӯро таҳқир кардан, таҳқир кардани миллат ва давлат аст. Бо коре, ки Ризоӣ аз тариқи барномаи телевизионӣ ва навиштаҳояш мекунад, обрӯйи миллати тоҷикро дар хориҷ бурданӣ аст. Вақте ки дигар миллатҳо ин тоифаи хдусито ва риёкорро мебинанд, миллати тоҷикро баҳо медиҳанд ва инро шояд худи Ризоӣ медонад, вале қасдан кореро мекунад, ки ин миллат бадном шавад.
6.Чинро ба сиёсатҳои Тоҷикистон махлут кардан ва ба ин восита иғво андохтан ҳам аз “рисолат”-и барномаҳои ифротиҳо ва хусусан Ризоӣ аст ва дар ин кор ин гуруҳ пусту устухон надорад. Интишор намудани ин қабил барномаю навиштаҷоти пур аз иғвою даъво дар шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо ба хотири лаккнатдор кардани сиёсати имрӯзаи давлати Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.
Ф.Ориёӣ,
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес
ва сиёсати Тоҷикистон