Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони наврас ва ҷавон»

Дониёрбек Мирҳомидов - хонандаи синфи 9, МТМУ №37 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва аъзои маҳфили «Техникони наврас»-и Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд бо пешниҳоди лоиҳаҳои «Мошинаи санитарӣ», «Роботи худкор» ва «Крани борбардор» дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони наврас ва ҷавон» соҳиби ҷойи аввал шуд.

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Ҷавонон созандагони Ватан»  рӯзҳои 12-13 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар озмуни мазкур наздик 500 нафар ҷавонон ва наврасони муассисаҳои таълимӣ ва олию касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар қатори дигар дастаҳо дастаи вилояти Суғд низ бо ҳайати 115 нафараи хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷуёни донишгоҳҳои олии қаламравӣ вилоят дар Фестивали мазкур иштирок намуд.

Тибқи иттилои роҳбари умумии дастаи вилояти Суғд – ди⁠ректори Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят Фирдавс Ашӯрматов дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 1000 лоиҳаҳои ихтироъкорӣ пешниҳод карда шуд, ки 456 адади он маҳсули дасти хонандагон ва донишҷӯёни вилояти Суғд буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh