Муассисаи томактабии “Дилноз” ба таъмиру навсозӣ фаро гирифта мешавад

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар вилояти Суғд тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.

Аз ҷумла, бо дастгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бинои муассисаи томактабии “Дилноз”, воқеъ дар шаҳри Гулистон, ки солҳои тӯлонӣ фаъолият надошт, ба таъмиру таҷдид фаро гирифта хоҳад шуд.

Зимни боздиди Раиси вилоят аз муассисаи мазкур, ки нимаи дуюми рӯзи 11 октябр сурат гирифт, иттилоъ дода шуд, ки  бинои кӯдакистон ҳанӯз солҳои 80-уми қарни гузашта бунёд ёфта, давоми даҳ соли охир аз фаъолият боз мондааст. Ҳамакнун бинои муассисаи мазкур, ки хусусӣ гардонида шуда буд, ба тавозуни мақомоти иҷроияи маҳаллӣ гузаронида шуда, ба таъмиру таҷдид фаро гирифта мешавад.

Дар шаҳри Гулистон имрӯзҳо 9 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, дар онҳо 1560 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин 900 нафари дигар барои дохил шудан ба кӯдакистонҳо дар навбатанд, ки танҳо дар маркази шаҳр ин шумора беш аз 350 нафарро ташкил медиҳад. Баробари таҷдиду навсозии муассисаи мазкур эҳтиёҷоти маркази шаҳри Гулистон ба пуррагӣ бартараф карда хоҳад шуд. Зеро боғчаи мазкур аз 12 гурӯҳ иборат буда, дар он то 400 нафар метавонанд қабул гарданд.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ ба роҳбарияти шаҳри Гулистон ва сохтмончиён ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таъмиру таҷдиди бино, мутобиқ ба талаботи замони муосир навсозӣ кардани ҳуҷраҳои он, пайваст намудани тамоми бино ба системаи ягонаи гармидиҳӣ, тозагиву ободонии муҳити атроф дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh