«ПАЙМОНИ МИЛЛӢ» Ё ТӮДАИ МАСХАРАБОЗОН

Чанд рӯз дар шаҳри Варшаваи мамлакати Лаҳистон нишасти солонаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо доир шуд. Мусаллам аст, ки ин рӯзҳоро душманони миллати мо интизор буданд. Зеро САҲА бо вуҷуди он, ки ҲНИ дар ними олам ҳамчун ҳизби террористиву экстремистӣ шинохта шудааст, онҳоро ба ин нишасти «ҳангомаангез»-и худ даъват намуда, минбаре омода кардаанд, ки «дарди дилашон»-ро гӯянд.

Мо медонем, ки наҳзатиён ва дигар думравони ТТЭ ҲНИ ин минбарро чӣ гуна истифода мебаранд ва онҳо ба нишасти САҲА бо чӣ гуна «тайёрӣ» омадаанд. Аввалин мазҳакае, ки онҳо сохтанд, ин «дастаҷамъона» ташкили эътилофи «Паймони миллӣ» буд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он дар ханда шуданд, ки чӣ тавр як тӯда масхарабозон алайҳи як давлати қавӣ, воҳид истодагарӣ карда метавонанд. Ин ҳама аз рӯи сенарияи Кабирӣ ва ТТЭ ҲНИ рӯи кор омада, думравонаш Шарофиддин Гадоев, Алим Шерзамонов ва Илҳом Ёқубов чӯбдаста мебошанд.

Имрӯз пардаи асрори фаъолияти муғризонаи ТТЭ ҲНИ бардошта шуд. Бо гузашти ду даҳсола аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ воқеияти он рӯзҳо аз забони шоҳидони зинда фош шуда истодаанд. Ин фошгӯиҳои аъзоёни собиқи ТТЭ ҲНИ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин ҳизби ба ном исломӣ ҳеҷ гоҳ дар фикри ободию рушди Ватани азизамон набуд ва дар зери ниқоби Ислом ба корҳои экстремистию террористӣ даст дошт ва то ҳанӯз дорад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон он ҳама фиребу найранг ва бозиҳои сиёсии шумо - «ғамхорони миллатро» хуб дар ёд дорад ва фаромӯш нахоҳад кард. Дар тӯли қариб се даҳсолаи охир ташкилотҳои террористию ифротгароӣ ба кишвари азизамон сар халонида, бо ба дом афтонидани иддае аз ҷавонони роҳгумкардаи тоҷик вазъи кишварро то андозае ноором сохтанд.

Ҷанги хунини бародаркуши солҳои 90-умро ҳама дар ёд дорад, ки чӣ гуна бо майдонсозиву аз номи Ислом истифода бурдани бунёдгузорони ҳизби мамнӯъ ва террористии наҳзати исломӣ садҳо ҳазор сокини осоиштаи кишвар қурбонии ин дасиса шуда, ҳазорҳои дигар гурезаи давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гаштанд.

Тамоми давлатҳои абарқудрати дунё демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибистиқлол ва мустақил будани Тоҷикистонро эътироф карданд ва айни ҳол дар дунё кишвари азизамон ҳамчун давлати сарсабзу обод ва сулҳпарвару соҳибтамаддун шинохта мешавад.

Акбар АКБАРОВ,
устоди Донишкадаи
политехникии Донишгоҳи техникии
Тоҷикистон ба номи академик
Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh