ИЛҲОМ ЁҚУБОВ ДАР ВАРШАВА “ТӮТИВОР” ГАП МЕЗАНАД

Аз васоити ахбори омма маълум гардид, ки аз 10-ум то 21-уми сентябр дар қароргоҳи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон ҷойгир шудааст, ҳамоиши навбатии созмон доир мегардад. Дар кори ҳамоиш  намояндагони зиёда аз 57 давлат ва ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мухолиф ширкат меварзанд.

ҳамоиши навбатии САҲА таҳти унвони ҳуқуқи башар ва интихоботи демократӣ номгузорӣ гардида, оид ба вазъи имрӯзаи ҳуқуқи инсон ва интихоботи демократӣ дар ҷаҳон ва махсусан давлатҳои аъзои созмон сухан меравад. Барои баъзе доираҳои ба ном мухолиф ҳамоиши мазкур майдони худнамоишӣ буда, мухолифин солҳо дар камин буда аз худ дарак медиҳанд.

Дар ин раванд мухолифин давлати мо чанд моҳ қабл оид ба ширкати худ дар ҳамоиши САҲА хабар дода, бо чор чашм раҳи ҳамоишро мунтазир буданд. Роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва шогирдони ӯ ширкати худро дар ҳамоиши амали фарз дониста, чанд рӯз пештар дарвозаи қароргоҳи САҲА-ро кӯфтанд. Аз зумраи шогирдони бовафои Кабирӣ раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ Илҳом Ёқубов аст, бо суханрониҳои беасоси худ, бори дигар кӣ ва чӣ будани худро исбот намуд. Муайян гардид, ки то ҳол Илҳоми хоин мисли устодаш ватанфурӯш аст. Барои чанд тангаи ҳароми хориҷиён даст ба амалҳои нобахшиданӣ мезанад ва назди ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро сияҳ месозад.

Аз суханронии Илҳом Ёқубов муайян гардид, ки ӯ мисли “тӯтивор” ҳар амру фармоне, ки хоҷагонаш медиҳад иҷро менамояд. Мисли тӯтӣ сухани хоҷагони худро такрор мекунад ва амри дигари онҳоро интизор мешавад. То санаи 21-уми сентябр, аниқтараш то хотимаи кори ҷаласаи САҲА худро ҳамчун “активист”, “ғамхори миллат”, “мухолиф” нишон медиҳад. Лек ӯ на ину ва на он аст. Ӯ як ношуд аст. Ношуде, ки аз хориҷи мамлакат истода, бар муқобили давлати худ садо баланд мекунад.

Мо - кулли омӯзгорон ва устодони донишгоҳ ҳамин изҳоротро бар муқобили мухолифини давлату миллат қабул намуда, иброз медорем, ки на Кабирӣ ва на Илҳоми хоин ба мақсади хеш намерасанд. Онҳо шикаст мехӯранд ва барои амалҳои ҷиноии худ рӯзе назди қонун ҷазо мегиранд.

(Изҳороти кулли омӯзгорон ва
устодони Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон)

Add comment


Security code
Refresh